Изҳорот: Афзалияти пешравиҳо
Ҳаёти ҷомеа раванди мураккаби таззодҳоест, ки танҳо ҳалли оптимали онон ҷомеаро ба пеш мебараду ҳаёти инсонҳоро пурфайзу шавқовар ва дилгарму ҷӯшон месозад. Дар заминаи ҳаёти осудаи пурҷӯшу хурӯш кашфиётҳои сершумори илмӣ-техникӣ имконпазир гаштааст, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти инсонро беҳтару хубтар мегардонад. Вале, дар ҷомеа баъзе шахсон бо нигоҳ мусбӣ (оптимистӣ) нигоҳу фаъолият менамоянду гурӯҳи дигар бо мавқеи манфият (пессимистӣ) умр ба сар мебаранд. Агар, тоифаи аввали одамон танҳо барои ҳаллу фасли мусбии таззодҳои мавҷудаи ҳаёт талош намоянд, тоифаи дуюм худ ғайрату ҷасорате надоранду маъюсонаю сархам, буздилонаю бефарқ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи бетарафиро касб менамоянд, ки метавон ин одамонро дар ҷомеа чун балласт (ҷисми нозарури пуркунанда) ном бурд. Ин раванди ҳаётиро метавон дар замони муосир низ мушоҳида кард, ки ба мисоли шахсиятҳои тамоили мусбӣ–Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баръакс, нафарони пессимист-аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом таҳти саркардаи дилмондаю дилзадаи Муҳиддин Кабирӣ мебошад.
Шомил будани роҳбарияти олии кишвари соҳибистиқлоламон ба ашхоси мусбиятро дарҳамаи давраҳои ташаккул ва рушди ҷомеа давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ метавон дид. Дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихии солҳои 90–уми асри гузашта бидуни тарсу ҳарос бо иродаву матонат бар дӯши худ гирифтани масъулияти роҳбарӣ ба давлате, ки ҷангзадаву хавфи парокандагӣ таҳдид мекард, нишонаи ҷасорату садоқати Пешвои муаззами миллат ба Ватани маҳбуб мебошад. Шаҳодати дигари қаҳрамонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки гурезагонро аз хориҷ ба Ватан баргардонида, бо мухолифин гузашт кардаву дар мамлакат сулҳу суботро пойдор ва мустаҳкам карданд. Баъдан, аз мушкилотҳоисершумори мавҷуда наҳаросида бо роҳи воситаҳои гуногуни дипломатию иқтисодӣ Ватанро ободу зеботар карданд. Раванди мусбии давлатдорӣ алҳол низ идома ёфта истодаасту илоҳо то абад чунин бодо!
Маълумотҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз бӯҳрону муқовиматҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, пандемияи COVID-19, амалҳои муғризонаи душманони дохилию хориҷӣ тадриҷан ба пеш рафта истодааст. Агар, дар давраи аввали Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани се ҳадафи стратегӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти пурраи озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро аксарияти ҷомеа ҳадафҳои ғайриимкон мешуморид, имрӯз мебинанд, ки талошҳои пайваста, матонату истодагариҳои Пешвои муаззами миллат чӣ бори накӯ овардааст. Дар Паёми навбатии хеш аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани ҳадафи нави стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузариш аз иқтсодии аграрию саноатӣ ба саноатию аграриро кулли ҷомеаи ватанӣ аллакай хеле хуб пазируфт. Зеро, итминон пайдо кард, ки Пешвои миллат суханро беҳуда нагӯянд ва аз роҳи пешакардааш ҳеҷ вақт ақиб нахоҳанд гашт. Ин хислати ҷасорату матонат, оқилу дурандешӣ, одилу ғамхорӣ ва рисолати созандагии сарвари давлатамон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми оламиён эътироф кардааст ва ҳаваси мардуми Тоҷикистонро мекунанд, ки роҳбарашон чунин абармарди бо нангу номус, нотарсу ҷасур, боиродаву оқил мебошад.
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент