​Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ баргузор гашт

Имрӯз 23-юми апрел, ҷаласаи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ромиз Абдуллоев ва муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ иштирок доштанд.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда, ҳозиринро бо барномаи ҷаласаи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ шинос намуд.

Баъдан ҳисоботи Шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи назди донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шавкат Шаропов ва доктори илмҳои педагогӣ, профессор Озод Исломов шунида шуд. Ҳамчунин муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети математика, Музаффарҷон Мирзохоҷаев ҳисоботи илмии факултети математикаро оид ба ҷамъбасти конференсияи анъанавии устодон, олимони ҷавон ва донишҷӯён ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид.

Дар идома ҷонишини сардори раёсати илм ва инноватсия, Маҳинбону Бобоҷонова доир ба фаъолият ва дурнамои Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ маърўза намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ