Кирдору амалҳои номатлуби Кабирӣ

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун “Вабои аср” ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя мекунад. Дар итибот ба ин бояд қайд кард, ки дар кишварамон Ҳизби ифротии назҳат бисёр амалҳои хилофиро содир намудааст. Эътибор миёни мардум нишон дод, ки дар давраи солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИ дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд кунанд. Наҳзатиҳо ва тарафдорони онҳо дар давлатҳои хориҷа гуреза ҳастанд ва ҳозир ҳам аз роҳи ноқонунию душманӣ барнагаштаанд. Имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва рафти таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадрафтор огаҳ гардида истодаанд. Чунончӣ хиёнати роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”, ки тариқи ҳамаи телевизонҳои ҷумҳурӣ ва вилоят намоиш дода шуда истодааст ва бори дигар амалҳои содиршудааш ба мардуми кишварамон аён гашт. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз тамошои филми мазкур мардуми осоиштаи кишвар, алалхусус мо ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа ҳама муттаҳид шуда, намегузорем, ки хиёнаткор М.Кабирӣ имрӯз бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намояд.

Хиёнати Муҳиддин Кабириро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай дарк намуда, ба эшон лаънат мехонанд ва уро ташкилотчии асосии ҳодисаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 меҳисобанд. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи 27 соли истиқлолияти Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИ (ҳоло ташкилоти террористӣ-экстремистӣ) дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд.

Мардуми осоиштаи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Мурғоб, ҳама ба муқобили ҳамагуна созмони ифротӣ аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ мебошанд. Гарчанде дар гузашта дар ин минтақаи Тоҷикистон тарафдорон ва аъзоёни ин ҷараён мавҷуд буданд, аммо дар шароити кунуни нишонае аз фаъолияти ин ҷараёни тудгаро ва ё дастгирии он аз ҷониби сокинон, дида намешавад. Зеро ки мардум дарк намудаанд, ки ҲНИ онҳоро ба роҳи бад ҳидоят мекард.

Ҷомеашиносон ва озодандешони вилояти Бадахшон бобати фаъолияти ҲНИ андешаҳои худро баён намуда, зикр менамоянд, ки дар дини мубини Ислом ҳизбгарои ҳарром аст. Пас аз ин бармеояд, ки қаблан роҳбарони ИНОТ бо истифода аз дини мубини Ислом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳизби «Ҳизб-уш-Шайтон»-ро таъсис доданд, ки роҳбарони он дар симои Муҳиддин Кабирӣ зердастон ва аъзоёни худро то ҳол ба шайтониву дуруғгуи ва авомфиреби даъват карда истодаанд.

Мардуми сарбаланд ва сарсупардаи миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст дар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои дини-ифроти, аз ҷумла ташкилоти ифротии ҲНИ, истодагари карда, Ватану миллати худро аз таҳдидҳои онҳо ҳифз намояд.

Кирдору амалҳои номатлуби Кабирӣ ва ҳамсафонаш, ки имрўз дар либоси эътиқод ба Ислом ва Худо содир мегардад, ба кадом андешаву афкори баланду ҷаҳонсози Имоми Абўҳанифаи Аъзам, Имоми Бухорӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва даҳҳо шахсиятҳои номвари дигари ҷаҳонӣ, ки фарзандони бузургвори миллати тоҷику форсанд, созгорӣ дорад? Ин хиёнати маҳз аст ба халқу Ватан ва оромиву суботи он. Нагзорем, ки бо афкори ѓалат, ҷоҳилона ва кўр-кўрона фикри аҳли миллат, хоса насли ҷавонро заҳрогин ва фарзанди Инсонро қурбони ҷаҳолат гардонем. Шахсони ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” дар мисоли Кабирӣ мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро аз ҳолати оромӣ берун оранд. Шояд ин “сиёсатмадорон” марги падару модар, бародару фарзанд ва хешу табор, саргардонии миллионҳо тоҷикро дар берун аз хоки Ватан ва сӯхтани шаҳру деҳоти Тоҷикистонро бо чашми худ надидаанд.

Дониста бошад, ки ҳар амали кардаи ӯ дар назди худованд, виҷдон, ҷомае рӯйпӯш намемонад, вақте мерасад ба ҳар қатраи хуни рехта муттаҳам дониста мешавад. Ҳол он, ки дар замони соҷибистиқлолӣ ягон нафаре ёфта шуда бошад, ки ҷойнамози ибодаткунанда гирифта ӯро таҳқир созад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳама баромадҳояш нақши ислом дар ҷомеа, хайрандешӣ ба барҷомондагонро аз суннатҳои баланди исломӣ баҳо медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, дар пойтахт масҷиди ҷомеъи бузургу бо ҳашамат, барои кулли ибодаткунандагон, ки барои 50-ҳазор тарҳрезӣ шуда бад, сохта ба истифода дода шуд. Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исломдӯст намешуд, ӯ дар қатори 500-мусулмони беҳтарин арзёбӣ мешуд? Танҳо ҳамон шахсе ба ин молҳо соҳиб мешавад, ки нияти пок, дили чун оина соф, нерӯи рустамона ва ишқи Муҳаммадиро дар қалби кӯчак ҷой дода ва парвариш намояд. Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрӯза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад.

Пешвои миллат, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эьтироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имруз Муҳиддин Кабирӣ аз иѓвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрузҳо ин хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имруз у инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.

Амакиев Атовуло

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ