Муҳофизи Ватан бошем!
Терроризм ва экстремизм яке аз муаммои асосии имрӯза гардидаву махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Ба ин проблемаи мудҳиш, ки номи онро «Терроризми байналмилалӣ» эълон додаанд, инсоният дар ибтидои қарни ХХI бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштаву имрӯз насли ояндасозу некбин муборизаи беамон доранд.
Аз некӣ то бадӣ, аз созандагиву бунёдкорӣ то харобсозӣ, аз ишқу муҳаббат то хиёнату мазаммат, аз дӯстӣ то душманиву беадолатӣ, аз ватандорӣ то беватанӣ як қадам роҳ асту халос. Мутаассифона аксарият мардуми ҷаҳон ва аз он ҷумла ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон имрӯзҳо ҳамаи инро дарк накарда, пайгиру дастгирӣ ин ҳизби ифротгару вайронсоз ва террористӣ ҳастанд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо яке аз масъалаҳои тамоми ҷомеаро ба ташвиш ва даҳшат оварда ин шомилшавии бовусъати ҷомеа ба ҳизбҳое, ки дар номаш калимаи Ислом ҷой гирифтааст ва паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ҲНИ низ аз қабили чунин ҳизбҳо ба шумор мерафт. Чуноне ки ба хамагон маълум аст, ҲНИ имрӯзҳо ҳамчун ҳизби экстремистӣ-террористӣ ва вайронсозу ифротгар муайян карда шуда, аз байн бурда шуд. Таърих ва фаъолияти ҲНИ низ ҳаминро шаҳодат медиҳад, ки аз ибтидо то имрӯз равияи мазкур хусусияти террористиву ифротгароӣ дошта, худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳамин тарзу мазмун муаррифӣ низ намудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксарияти ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус одамони гумроҳ дар пайравӣ бо фарҳанги дигар кишварҳо ба ин ё он гурӯҳҳои ғайриқонуниву нохалаф ҳамроҳ шуда, ҷудо аз оилаву ҷомеа мегарданд. Бар замми ин ба ҷомеа хатарҳои калонро бор меоваранд. Хуб мешуд, сари вақт аз кирдорҳои хеш дасткашида, нафърасони ҷамъият бошанду хизмати Ватан – модарро сарбаландона ба ҷо оварда, дар муҳофизии он кӯшанд.
Шарифзода М.Х.