Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод!
Тоҷикистон давлати ман, душманат шарманда бод!
Нури хуршедат мудом, садсолаҳо тобанда бод!
Ватан гаҳвораест, ки мо дар оғуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушду паноҳи соҳибватан аст.
Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.
Дар воқеъ таърих гувоҳ аст, ки мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем. Баракс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирӯзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши сарнавиштсоз тавонист нақшаҳои бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад.
Мо дар назди таърих аз имтиҳони сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат, аз ин роҳи бесобиқаи фарҳанги сулҳ боздорад. Агар кесе имрӯз ҳам беҳушу бехуд аст, ба ҳуш ояд, ба худ ояд, чашм во кунаду бубинад, ки мо куҷо равонаем?
Мутаассифона, баъзе аз сокинони манфиатҷӯ ва сарҳадбобонони иғвогари кишвари ҳамсоя доимо дар фикри нотинҷу ноором сохтани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳастанд. Солҳои охир муносибатҳои ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ба маротиб қоҳиш ёфтанд, ки воқеан боиси ташвиш ва нигаронии кулли сокинони кишварамон гаштааст.
Ҳодисаву воқеаҳои чахонӣ имруза ҳар яки мо тоҷикону тоҷикистониёнро ҳушдор медиҳанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба густариши ҳисси баланди худогоҳиву худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот дар кишвар ҳиссагузор бошем.
Тоҷикистон марзу бумат то абад поянда бод,
Номи некӯ шӯҳратат бар тоҷикон зебанда бод!