​Сипарему ҳимоятгари Ватан!!!

Воқеоти фасли гузаштаи сол, ки муноқишаи ҷангиро байни ду давлати ҳамсоя рӯи кор оварду тамоми халқи тоҷикро ба таассуфу ҳолати омодабошӣ баҳри ҳифзи марзу бум такон бидод, ҳолати марзии кишварро нигаронкунанда намуд. Аз пештара дида, ҳар як сокини ватандори кишвар зиракиро аз даст надода, баҳри баргардонидани заминҳои бобоӣ бо қирғиз даст бар гиребон шуданду мавқеи халқи тоҷик ва ҳар як сокини кишварро дар ҳимояти марзу бум нишон доданд.

Айни замон, қирғизҳо бидуни ягон далелу санад ҳадди хати муайяни сарҳади Исфараю Бодкон ва қисматҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро чун мулки бобоии хеш даъвогарӣ доранд ва пайваста роҳи Ворухро мебанданду Ворухро дар анкалав қарор додаанд, ҳатто вақтҳои охир замину молу мулк ва халқи онро низ аз они худ эълон доштаанд. Магар? О ин миллати қирғиз, ки таърихи начандон бой дораду мулкашон дар кӯҳҳо ва ҳар ҷой ки макон интихоб мекарданд, онҷо хаймаву юртаҳои худро мехчӯб зада макон намудаанду акнун замини бобоии моро аз худ карданияд? Ҳаргиз! Ин хилофи манфиатҳои миллии мо мебошад. Китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров ва қиссаҳои таърихии Додохони Эгамзод дар романи таърихии “Нигина ва Мирмалик” далели гуфтаҳост, ки Воруху Чоркуҳ ҳаргиз аз халқи аҷнабт набуду танҳо аз тоҷикон буду ҳаст!

Эй ҳамсоягони даъвогар! Бидонед, замони кучманчигарӣ гузашта рафтааст, дигар он замон нест, ки ҳар самте, ки подаи шумо меравад, шумо низ аз қафояш рафта юртаи худро онҷо насб кунед! Юртаи худро дар хоки худатон насб кунед! Ворух ва Чоркуҳ қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Паҳлавонони суғдиву хатлониву бадахширо дидед, ки баҳри ҳифзи марзу бум сипар гардидаанд! Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае, аҷнабие дастдарозӣ бикунад.

Гузаштагони мо як порча заминеро надодаанду мо ҳам намедиҳем! Мо хун медиҳему, аммо хок намедиҳем...! Бидонед!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ