​Як дилу як ҷон бошем барои ҳимояи Ватани азизи худ!

Ватан - дилҷамъию озодии мост,

Ватан – хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з – он остоне,

Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.

Аз эҷодиёти даҳанакии халқи мо ва эҷоди адибони классику муосири тоҷик агар мавриди сурудаҳо ва навиштаву андешаҳо ва кулли осори онҳоро дар васфи ватан ва ватандӯсти дар як китоби мукаммал гирд меовардем, шояд аз рӯи ҳаҷм дар дунё калонтарин китоб мешуду барои миллати мо дӯстдоштатарин асар!

Бале миллати тоҷик ватандӯст, меҳмоннавоз, дӯстпарвар ва қавииродаву таҳаммулпазир аст. Халқи тоҷик аз шумораи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

Дар миллати тоҷик чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки МОДАРУ – ВАТАН низба он шомил аст. Ба тоҷикон ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як фарди тоҷик вобаста аст. Агар Ватан орому осуда, дар сросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат низ фаровон гашта, меҳру муҳаббат нисбати низ нисбати Ватан, дӯсту бародар, меафзояд.

Имрӯзҳо ҳодисаҳое, ки дар марзи Ватани азизамон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқӯъ омадаанд, ҳар як инсони комилро бетараф намегузорад. Он ғояҳои ифротонаи гурӯҳи манфиатдор дар масъалаи тақсимоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон нооромиҳо сарзада, ду бародарро ба иғво андохта истодаанд. Ба ин иғвову фитнаҳо дода нашуда набояд, ки ин ҳамкориҳою ин муносибатҳои дӯстонаю бародарона, ин сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа бо фитнаву найрангҳои ҷоҳилону хоинон канда гардида, миёни ду миллати ба ҳам тифоқ парокандагӣ ба миён ояд.

Халқи тоҷик ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Ба миллати тоҷику қирғизи солимфикри ҷомеаи феълӣ муроҷиат карда, гуфтанием, ки бояд шукронаи давлату давлатдорӣ, ободию озодии ин айёмро кунем, нагузорем то аз байни мардуми ду давлати мусалмон нофаҳмӣ ҳукмронӣ кунад.

Бо вуҷуди ин ҳама ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки ҳодисаҳое, ки дар марзи Ватани азизамон ва Қирғизистон ба вуқӯъ омадааст, боз якбори дигар водор месозад, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст, надиҳем, хоки Ватанамонро ҳимоя кунем.

Як дилу як ҷон бошем барои ҳимояи Ватани азизи худ!


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ