​Бофтаро бояд хуфта кард

Дар солгарди чаҳоруми таъсиси сомонаи “Ахбор” беасос хондани қарори Додгоҳи олӣ ва ба феҳрасти сомонаҳои мамнӯъ ворид кардани он дар қаламрави Тоҷикистон ба назари мо фоҷиае нест. Сабаби инро бояд танҳо аз рафтору тарзи муносиботи дастандаркорони он дар дахолат ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ бояд ҷустуҷў кард. Агар ин амр дар фаъолияти сомона мушкили зиёди ҳуқуқӣ ба бор оварда бошад, онро бо назардошти рафтору пешомади кори худ метавон пазируфт.

Ба асоси чунин қарордоди аз назари соҳиби «Ахбор» «беасос» дигар хабарнигорон имкон надоранд ба ин сомона гузориш фиристанд, зеро ин ахбор ҳаргиз ба талаби одобу этикети инсонӣ муфовиқ набуда, танҳо ва танҳо зидду нақиз аст, моҳияти рўйдодҳои Тоҷикистонро воруна ба назари дигарон ба намоиш меоварад. Агар рафтори журналистони ин даргоҳи намакношинос муғризона намебуд, ҳаргиз гирифтани пеши он дар миён намебуд.

Аз ин нуқтаи назар он ҳама коршиносоне, ки аз онҳо М. Салимпур нороҳат аст дигар озодона изҳори назар натавонанд кард, бояд хуб дарк кунанд, ки ин ҳам аз тақдиру пешомади ба сарашон омада аст. Дигар хел набояд шавад. Моҳияти хизмати норавои ононро мақомоти Тоҷикистон ҳам хуб дарк кард. Мо фикр мекунем мақомоти расмии кишвар бисёр бамаврид ҳаққи сўҳбати озодона бо “Ахбор”-ро дар шароити имрўза хеле хубу бамаврид қатъ кард. Зеро бо ин кор усулан пеши роҳи худсарӣ дар пароканиши ахбори пур аз иғвову бўҳтон гирифта шуд.

Худ аз ҳуд равшан аст, ки мақсади сомонаи интернетии www.akhbor.com хидмат ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ буда ва баста шудани он дар кишвари мо баробари гирифтани пеши амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи норавову рӯирости соҳибони «Ахбор» мебошад.

Аз ин нуқтаи назар интиқоди муассис ва сардабири ин сомона Мирзои Салимпур, ки хулосаи додситонии Тоҷикистонро аз боби хидмат кардани ин сомона ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ тўҳмате беш медонад, бисёр нодуруст аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон набояд бар ин дасисаҳо бовар кунанд, ки муроҷиати додситони кул ва қарори Додгоҳи олӣ гўё «намунаи навбатии ҳамлаи ошкор ва бепарда ба озодии матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистон» будааст.

Дар шароити имрўза пешрафти Тоҷикистони мо идеяи хизмат ба кишвар ва миллат аз андешаи расову хушният ва хостори беминнати таҳаввулоти Тоҷикистон будан берун мешавад. Аммо М. Салимпур аз ин ҳама тасмими дурусти додситонӣ боз хулосаи нодуруст ба миён монда ва хоҳони он аст, ки ба ҷои “Ахбор” ба зудӣ сомонаи нав ба роҳ биандозад ва таҷрибаи 4 солаи муғризонаашро дар он аз нав «зинда» намояд. Ва боз кори муғризонаашро идома диҳад. Ин ҳама бофтаи навбатӣ аст! Бофтаро бояд хуфта кард! Фикр мекунам, идеяи таъсиси сомонаи нав идомаи ҳамон ғаразу баддилӣ аст.

Таҳаввули Тоҷикистон ба дасти ин гуна афрод нест!...

Ҷамшеди Сосонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ