Изҳорот: Раҳматулло Зоиров ҳангома мебофад
Чанде пеш аз ҷониби Раҳматулло Зойиров - Раиси Ҳизби сотсиал-демократ қарори Маҷлиси олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон гардидааст, ки як ҳангомаеро дар фазои иҷтимоӣ ба бор овард. Њар бор Раҳматулло Зойиров дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ худро ба намоиш мегузорад ва ин як усуле аст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани ҳастии то ин марҳала зери суолмондаи вай ба шумор меравад.
Раҳматулло Зоиров ин ақидаашро аз сабаби он ки “яъне як моҳ қабл ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад”. Ин худхоҳи арсаи сиёсат илова бар ин: “Амалкарди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон худсарона аст ва барои ин раисони ҳарду палатаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷазо бигиранд.” Раҳматулло Зойиров аз Додгоҳи конститутсионӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, ки ба қарори Маҷлиси олӣ баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд. Тавре аз ин гузоришҳо бар меояд, Раҳматулло Зоиров танҳо худ ва ҳизбашро бо ин изҳорот тарғиб карданӣ шудааст. Зеро чунин усул барои ҳамин гуна нафарон барои ҳангомаҳои кутоҳмуддат истифода мегардаду халос.
Раҳматулло Зоиров – Раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар матбуот ва сомонаҳои иттилоотии фейсбукӣ ҳангома карданро дӯст медорад. Ин пеш аз ин ки ҳуқуқшиноси ҳирфаӣ бошад, даъвояш нисбат ба маърифаташ дар ин самт зиёдтар аст. Ҳамчунин дар баробари ин думакзаниҳои пуч яке аз муовинони ҳамраъю ҳамақидаашШокирҷон Ҳакимов ба радиои озодӣ изҳорот дода, дар ин самт ақидаҳои ӯро шарҳу тафсир кардааст. Баёнияи Раҳматулло Зоиров аз манфиатҳо ҳахсиву гуруҳӣ тархурдор буда, яқидаи як нафар соҳибҳизби худхоҳ ба шумор меравад. “Бо дар назардошти тақрибан ба як моҳ пеш таъйин кардани замони баргузории интихобот ниҳодҳои марбутаи ваколатдори давлат ва ғайридавлатӣ бо таъсиси комиссияҳои интихоботӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷамъ кардани маблағ ва муҳаё намудани заминаи эҳтимолии иҷтимоӣ ва ҷамъоварии имзо машғул бояд шаванд”-иброз доштани Шокирҷон Ҳакимов худ як баҳона, буда тобиши сиёсӣ дорад.
Мақсад аз чунин даъво ба маърака ҳар гуна оҳангҳои сиёсӣ бахшидан аст. Интихоботи охирини президентие, ки дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карда буданд ва ин дафъа низ дар доираи ҳамин меъёрҳо баргузор хоҳад шуд.
Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров