​Нашояд интизори покӣ аз ҷинси бадзот!

Ҷомеаи башарӣ аз нафарони дорои ғояву фарҳанг, тамаддуну орият ва хислатҳои гуногун таркиб ёфтаасту иддае аз узви ҷомеа пешоҳанги ифлосию муғризӣ, бахилию палидӣ, разолату хиёнат ва хислатҳои дигари манфур мебошанд, ки заминаи бадзот ё безот будани онҳоро инъикос менамояд. Қишри солимфикри ҷомеаро мебояд аввало, ҳамеша ба онон муқовимат нишон диҳаду решаи наҳзатиён барканад, баъдан, онҳо садқаи он бошанд, ки барояшон нерӯю вақти беҳуда сарф гардад.

Пуштибонии Муҳиддин Кабирию думравони ландаҳураш аз қазияи қаллоби “номвар” Изат Амон ва хӯрдагирии онҳо аз амалҳои мақомоти расмии кишвари соҳибистиқлоламон боиси нафрату ғазаби кас мешавад. ки кадом як хоини нокасу касифи фосиқ “ақл” ёд медиҳад. Охир, ин палидон гар ақлу фаҳм медоштанд ғулому мутеи хоҷагони аҷнабӣ намегаштанд, хиёнатпешаву ватанфурӯш намешуданд. Аммо, бадзот ҳастанду аз онон нашояд интизори амали нек шудан ?! Вагарна, аз қазияи зикрёфта ва натиҷаи эҳтимолии он ҳеҷ хабари ниҳоӣ несту ин бадзотони наҳзатӣ ба олам аллакай аз ноадолатӣ дар Тоҷикистони маҳбубамон ҷор мезананд.

Наҳзатиёни нобакору Кабирии палид! Барои ҷомеаи тоҷикистонӣ ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ, бешарафию беномусӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед! Фармоиши хоҷагонатонро бобати сиёҳкардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот! Боисрор даъват менамоям, ки каме худдорӣ намоеду бадзотии худро ҷилавгирӣ намоед!

Ҷомеаи Ватани азизамон мӯҳтоҷи маслиҳату пешниҳодҳои хӯрдагирию кинояҳои палидони шумоён, наҳзатиёни палид нестанду нахоҳанд буд ва доимо дар доираи арзишҳои олии инсонӣ пеш хоҳем рафту тоифаи шумоён чун саги аккосӣ бекору барбод хоҳад рафт!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ