Пуштибонии фитнаангезии Кабирии маккор!
Нафари бадтинату муғриз натавонад ором нишастан ҳангоме. ки дар ҷомеа раванди мусбии созандагиву ободкорӣ бартарият ёбад, зеро ӯро бахилию бухс ва нафси бад фарогир асту доимо кӯшиш менамояд, ки бо хӯрдагирӣ нисбати амали каси дигар худнамоӣ кунаду хоҳони нишон додани “доно” – ию “ҳамадон” – ии худ бошад. Қазияи бо ҷурми қаллобӣ аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт шудани “ҳуқуқдон” Изат Амон бори дигар исбот намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ то ба кадом андоза риёкор асту фитнаангез! Охир, ту сиёсатмадор худро метарошиву ғамхори мардони муҳоҷир?! Баъд чӣ тавр аз нафаре, ки муҳоҷирони меҳнатиро фиреб додааст, пуштибонӣ мекунӣ? Думравони чоплуси ватангадову бадзотат даъво доранд, ки агар гап сари маблағ бошад, омодаанд ҳамаи даъвогаранибаргардонии маблағи азхуд кардаи Изат Амонро ҷуброн намоянду мақомоти қудратӣ танҳо Изат Амонро озодӣ бахшад?! Дарёфти маблағ барои бадзотони наҳзатӣ мушкилоти зиёд надоштааст, ки чунин пешниҳод мекунад?! Хуб медонем, ки хоҷагони аҷнабиашон барои фитнаи навбатӣ маблағро дареғ намедоранд.
Лекин, шумо наҳзатиён кистед ва бо кадом асоси маънавию ҳуқуқӣ талаби озод кардани Изат Амонро доред? Мақомоти тафтишот қазияи қаллобии ӯро дар асоси аризаҳои даъвоӣ баррасӣ карда истодаанд, ки вазифаи хизматии онҳост ва онро тибқи меъёрҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл хоҳанд кард ва ба “мушовирон” – и хоин ниёз надоранд. Кабирӣ иқрор мешавад, ки гарчанде писари Изат Амон дахолат накардани ин тоифаи палидро хоҳиш карда бошад ҳам, ӯ мехоҳад бетараф набошад худро пуштибон вонамуд кунад.
Ин қадар “ғамхор” – и башарият бошӣ метавонӣ аз муҳоҷирони мӯҳтоҷ пуштибонӣ намоиву маблағҳояшон бидеҳӣ! Даъвои бесос дорӣ, ки Изат Амон аксарияти муҳоҷиронро кӯмаки молиявӣ кардааст, вале ӯро танҳо муҳоҷирони фиребхӯрда мешиносанду аксарият ҳатто номашро нашунавидаанд.
Муҳиддин Кабирии маккори дасисабоз! Агар, дар тинатат заррачае мардӣ дошта бошӣ иқрор шав, ки ин фитнаангезии навбатии туст ва аслан то оғози қазияи расмӣ ҳатто намедонистӣ, ки Изат Амон кист? Имрӯз худро пуштибони ӯ медонӣ, ҳол он, ки худатро гар хоҷагонат пуштибонӣ намекарданд “хаси нопоки лойолуд дар оби равон” ҳастиву бас ва солимақлон туро танҳо хоину ватанфурӯш медонанду мехонанд !!!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология