54 НАФАР МУҲАССИЛИНИ ДОНИШГОҲ БА ГИРИФТАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД МУШАРРАФ ГАРДИДАНД
Имрӯз дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва докторантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ аз нақши ҷавонон дар таҳкими давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешрафти соҳаи илму маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа мавқеи муҳим доранд.
Таъкид гардид, ки ҳавасмандии моддиву маънавии ҷавонон, дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод ва фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди илм ва маърифат аз самтҳои муҳимми сиёсати давлату Ҳукумат ба шумор меравад.
Дар маросими супоридани стипендияи Раиси вилоят 54 нафар донишомӯзони Донишгоҳ ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, 27 нафар донишҷӯ, 12 нафар магистрант ва 15 нафар докторант барои дастовардҳои назаррас дар таҳсил, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиби стипендия шуданд.
Дар ин маросим аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба донишҷӯён, магистрантон ва докторантон шаҳодатнома ва стипендияҳо тақдим гардида, ба онҳо дар роҳи таҳсил ва фаъолияти илмӣ комёбиҳои нав орзу карда шуд.
Маркази иттилоот ва студияи "Фурӯғ"