Қамчинбек Тошиев мансабдори худхоҳ
Санаи 29-уми апрели соли 2021 даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври фоҷиавӣ ташкил ва қатъ гардид, ки ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам намуданд, ки дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.
Номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиев баъд аз ҳаводиси даргириҳо миёни сарҳадҳои ду кишвар (Тоҷикистон ва Қирғизистон) расонаӣ шуд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи иттилои расонаҳои байналмиллаӣ Президенти кунунии Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров бо ёрии дӯсташ Камчинбек Ташиев ба сари қудрат омад. Дар муддати начандон кӯтоҳ сарвари давлати Қирғизистон тамоми қудратро дар дасти рафиқаш мутамарказ намудааст. Ин ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқу ваколатҳои ӯ дар асоси Конститутсияи нав, ки 5 майи соли 2021 ба тавсиб расид, эътибор пайдо кардааст.
Ҳоло миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ихтилоф байни рафиқон баррасӣ мешавад. Ба андешаи корбарони иқтимоӣ Ҷумҳурии Қирғизистонро наметавон байни Қамчинбек Тошиев ва Содир Жапаров тақсим намуд. Собиқ Вазири собиқи кишоварзии ин кишвар Тилек Токтогазиев қайд кардааст, "Агар Ҷапаров бо як мавқеъ сухан гӯяд, пас Ташиев нишастҳои матбуотӣ мегузаронад, гӯё ки ваколатҳои президентро ба ӯҳда гирифта, баъзан фикри худро бар зидди мавқеи Ҷапаров баён мекунад".
Ин дар ҳолест, ки миёни мансабдорони қирғиз ихтилофоти зиёд ба назар мерасад.
Шаҳрзоди Баҳор