Мо тарафдори сулҳу амнияти ҷаҳон ҳастем

Тараққиёти босуръати ҷаҳон, инқилоб дар илму техника ва табаддулоти бозори ҷаҳонӣ аз ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, аз ҳар як миллат муносибат ва диди навро ба ҳаёт талаб дорад. Аз ин рӯ, барои ҳар як фарди ҷомеа лозим аст, ки ин муносибат ва дидро дар асоси талаботи замон, вале дар заминаи миллию таърихии хеш дарк, пазироӣ ва амалӣ гардонад. Дар замони рушди раванди ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути нигоҳ доштани беҳтарин арзишҳои миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ ва корбасти онҳо дар заминаи навтарин дастовардҳои муносибати миллатҳо метавонад боиси ҳамқадами замон шудани ин ё он миллат гардад. Аммо бар замми ин боз ҳам хатарҳои дигари ҷаҳонӣ ба миён омада истодааст.

Имрӯзҳо баъди аз ҳудуди Афғонистон баромадани қӯшунҳои ИМА хурӯҷи гурӯҳи террористон ва экстремистони “Толибон” ба назар мерасад.

Ҳаракати Толибон, ҳарчанд ки манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти тасарруф қарор додаанд, барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо неруҳои дигари тундгару радикалӣ, аз ҷумла ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ мебошад. Имрӯз мушкилоти марзӣ, интизомӣ ва амниятӣ ба кишвари мо таҳдид намекунад. Толибон ва забткориҳои онҳо мушкили Ҳукумати феълии Афғонистон дар доираи музокироти дуҷониба масоили баҳсии худро расидагӣ хоҳад кард.

Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Гузашта аз ин, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.

Ҷамъ омадани сокинони кишвар барои баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ва санҷиши он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар ин чорабинӣ дар саросари кишвар беш аз 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иштирок намуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Санаи 22 июли соли 2021 ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки мардуми шарафманди кишварамон чигуна барои санҷиш ва баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан ва хоки поки сарзамини аҷдодиамон бо ҳам омаданд. Чорабинии зикршуда, таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд.

Мақсади баргузории чорабинии мазкур, танҳо ба хотири омодабошӣ баҳри ҳифз ва ҳимояи Ватани худ нигаронида шудааст. Чи тавре, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти суханронии худ қайд намуданд “…ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем”.

Чорабинии мазкур ба воситаи пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода шуда, ҳамзамон мо шоҳиди он гардидем, ки баъди ба анҷом расонидани машқҳои низомӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳамеша омодабошии онҳо дар самти ҳимояи Ватан, ба қадри Истиқлолу озодӣ расидан ва муборизаи беамон бурдан бо гурӯҳҳои террористӣ ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд: “Хотирнишон месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст. Дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед”.

Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ сарҷамъии сокинон гувоҳи он аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша омодаем то Ватани азизи худро ҳимоя намеом ва дар ин роҳ ҳатто ҷони худро дареғ надорем.

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ