​​Изҳорот: Одоби хитоб кардан дигар аст!

Тавре ба ҳамагон маълум аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаҳои давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавҷуд буда, принсипу нишонаҳои он дар санадҳои меъёрӣ кафолат дода мешавад.

Яке аз принсипҳои асосии давлати демократӣ ва дунявӣ ин озодии воситаҳои ахбори омма ва баён озодии сухан мебошад. Баёни озодии сухан дар он зоҳир мегардад, ки шахс бе ягон таҳдид озодона фикру мулоҳизаҳои худро баён сохта, ҳуқуқу озодиҳои худ ва дигаронро ҳимоя менамояд.

Бобаробари ин дар Конститусия сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқидро манъ намудааст. Дар қонунҳои ҷумҳурӣ муқарар шудааст, ки танқид бояд асоснок ва бо далелҳо исбот карда шавад. Агар танқид асос надошта бошад, чун туҳмат эътироф гардида, шахси танқидкунандаро мумкин аст ҷониби шахси туҳматкардашуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи озодона баён намудани фикру ақидаҳои худро дорад ва аз ин рў, ҳар як шаҳрванди кишвар оид ба масъалаҳо гуногун фикру мулоҳизаҳои худро озодона баён менамоянд.

Собиқ журналист Кумитаи телевизион ва радиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор бо таҳдид ба мақомдорони болоӣ хитоб намуда худро гуё “Мусичаи бегуноҳ” ҳисобидааст.

Дар асл собиқ журналист ва ҳоло таксист бо ин гуна хибот муроҷиат намуданаш аз рӯи этикаи инсони мувофиқ нест.

Шаҳрзоди Баҳор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ