Чашми хоинони миллат некиро намебинад

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали сол­ҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоро­наи террорис­тону ифрот­гароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиа­бо­ре, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонис­тон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки сар­кар­даҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сар­парас­то­ни онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва терро­ристӣ сарчаш­ма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мар­дум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асри­миёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехо­ну­мону фирорӣ гардиданд, ки ин ҳама аз амалҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ буд.

Ҳамчунин бо вуҷуди ин, ҳама мушкилиҳо мо дар асоси имконоти тамаддун ва фар­ҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем. Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террорис­тону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тоза­истиқ­лоли мо гирифта шавад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муо­сир­ро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байнал­милалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем. Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳам­корӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид.

Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терро­ризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терро­ризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғро­фияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад.Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъ­ҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамад­дунҳоро баран­гехтаанд.

Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Террорист - террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда намета­вонад.

Ҳар як шахрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.

Хулоса, масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.

Ҷураев Манучеҳр муаллими кафедраи умумидоншгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ