Ин ҳизб нияти бад дошт

Ҳизби наҳзати исломсоли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистонва баъдан дар Тоҷикистон таъсис ёфта расман баъди истиқрори сулҳ соли 1997 ба қайд гирифта шуда буд. Дар давоми фаъолияташ ин ҳизб чор маротиба сабти ном кардаас.

Ҳизби наҳзат баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳо 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттиллотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд. Шиорҳои озодӣ, демократия, баробарӣ ва озодии матбуотро ба миён гузоштанд, ки ингуна шиорҳо дар воқеияти исломи сиёсӣ татбиқ нашавандаанд.

Ҳизби наҳзат ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарор доштаи ин ҳизби мамнуъи террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилат фурӯшиву демогогия ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд.

Ҳамчунин пайваста дар матбуоти даврии вақт таблиғ шудани шахсиятҳои исломӣ ва нашри фатвоҳои пешвоёни динӣ яке аз ҳадафҳои дигари «ором-ором» табдил додани ҷомеаи динии сиёсӣ гашт. Хушбахтона, мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин гуна ифроткориҳои ҳизби мазкур ошноӣ пайдо намуда, фаъолияти нашрияро қатъ ва ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон намуда фаъолияташро дар Тоҷикистон манъ карданд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ