Изҳорот: Мо шикастнопазирем!

Чуноне, ки мо огаҳӣ дорем вақтҳои охир фаъолияти сомонаи нав бо номи «Бомдод. ком» пайдо шудааст. Аз мутолиаи маводҳои ин сомона кас пай мебарад, ки ҳамаи онҳо дурӯғу беасос мебошанд. Зеро ин сомона давомдиҳандаи кори “Ахбор.ком” буда мақсадашон як аст. Вақте, ки фаъолияти «Ахбор.ком» дар ҳудуди Тоҷикистон аз тарафи додгоҳ манъ карда шуд, онҳо бо номи дигар фаъолияташонро аз нав сар карданд ва мақсадашон хиёнаткориву мардумфиреби мебошад.

Мирзои Салимпур бо хабар ва гузоришҳои фитнаангезу бардурӯғаш ҳамеша бар зидди ваатанаш баромад мекард. Магар ӯ фикр намекунад, ки худаш зодаи ин сарзамин асту, бо обу нони ин сарзамин ба воя расидаасту имрӯз бошад ба он хиёнат мекунад. Чуноне, ки мегӯянд:

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Дар замонҳои пеш, вақте, ки арабҳо ба сарзамини мо ҳуҷум мекунанд, онҳо як методро барои ҷорӣ намудани дини ислом кор мефармуданд. Онҳо духтаронашонро бо тоҷикбачагонникоҳ мекарданд ва он зан дини исломро дар ҳамон оила тарғиб мекард. Яъне хондан, ихтироъ кардан мумкин набуд. Шахсбоян аз баҳри ҳамаи корҳояш баромада фақат намоз хонад ва Худо гӯяд. Дигар он, чандин китобҳои нодиру бузургро нобуд карданд сӯзониданд ба дарё партофтанд. Ин буд яке аз тарғибҳои арабҳо барои паҳн намудани дини ислом, ки сабаби қафо мондани мардум аз илму таълим буд. Ба қавли мақолҳои халқӣ “Аз ту ҳаракат аз Худо баракат” гуфтаанд. Вале мо мардуми меҳнатқарин, меҳнатдӯсту илмдӯст тавонистем дар марҳилаи кӯтоҳ инқадар мушкилиҳоро убур карда истиқлолиятро ба даст овардем. Ин аст муваффақияти мо, ин аст муттаҳидии мо.

Мо намегузорем, ки Кабириву Мирзои Салимпурбарин инсонҳо ба пои мардуми мо хоре халанд. Ҳаргиз не!

Мо дар кишвари ободу осришта умр ба сар мебарем, ки бароямон тамоми шароитҳои муосир муҳайё аст. Миллати тоҷикро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд.Модаритоҷик чандин олимон муҳаққиқон ҳунармандони машҳурро тарбия намудааст, ки дар симои онҳо имрӯз ҷаҳониёнморо мешиносанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ