Изҳорот: Кабирӣ ватанфурӯш
Кӣ будани симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва ба чӣ кор машғул будани вайро ҳамагон медонанд. Мардуми тоҷик вайро чун хоин ватанфуруш ва нокасу палид мешиносанд. Дар сомонаи интернетӣ муроҷиати чанд сокиниРӯшон нисбати бадкориҳои Кабирӣ бо номи “Мардуми ноҳия чӣ кор карданашро медонад” нашр шуда буд. Муаллифон ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом муроҷиат намуда, гуфтаанд, ки дар паҳлӯи Ҳукумат ҳастанд ва қонунро риоя мекунанду ба дасисаҳо аз хориҷ дода намешаванд.
Дар ҳамин мавод, ишора меравад, ки Кабирӣ чанде пеш дар як навор гуфтааст, ки "миллат бояд дар паҳлӯи мардуми Рӯшон бошад".
Муаллифон ин гуфтаҳои ӯро дасисаандозиву кӯшиши раиси мухолифин дар истифодаи сокинон дар "ҷиноятҳои тарҳрезишудаи Кабирӣ" хондаанд.
Дар муроҷиатномаи сокинон гуфта мешавад, ки "Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ободонию ободкорӣ дар ноҳияи мо ва умуман дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба таври назаррас ба роҳ монда шуда, дар ноҳия тамоми шароитҳо барои зисти аҳолӣ маҳайё карда шудааст". Муроҷиатномаи мазкур бо имзои шахсии худи сокинон оварда шудааст.Вақте, ки ҳамдеҳагонаш вайро хоин мешуморанду ӯро аз деҳааш рондаанд, пас ҳоҷат ба баёни бадкориҳои вай нест.
Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад,
Афтад ба ғаибиву ба кас банда мшавад.
Муҳиддин Кабирӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳаргуна роҳу воситаҳо истифода бурда бо корҳои зишташ боиси нафрати ҳамагон гаштааст. Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бозичаи хизматгори хориҷиён гаштаасту ягон нияти нек надорад ва хоини миллат рақами №1 мебошад.
Биоишаи Назар