​Изҳорот: Нест бод ҳизби хонамӯс!

Ҳизби наҳзати ислом аз замони мавҷудияти хеш чӣ аз назари ақидавӣ ва чӣ аз назари амалӣ аз усулҳои “Ихвон-ул-муслимин”ба тарзи густурдаистифода намудааст. Ҳизби наҳзати ислом аз рӯи усули “қадам ба қадам” ором-ором ба мағзҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ сироят ва кӯшиш намудан, ки то андозае гурӯҳҳои муайяни коршиносону рӯзноманигорон ва адибону олимонро ба самти худ моил намуда, онҳоро мадюни худ гардонанд.

Дар бахши амалӣ бошад ҲНИ мисли “Ихвон-ул-муслимин” аз сиёсатҳои зӯроварӣ ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фоҷиаи солҳои 90-ум ё террори ақидагӣ дар солҳои 1991-1997 гардид.

Хуб шуд, ки ҳизби мазкур дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ эълон гардида мавҷудияташ қатъ гарди.

Ҳизби наҳзати ислом ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмиашон чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо ба мушкилоти сиёсию иқтисодии кишвар ягон дахл надоранд ва ҳамаи ҷурмро бар сари ҳокимияти сиёсӣ ҳавола менамуданд ва худро пуштибони озодиву адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни ҳол низ сарони дар пайгарди қонун қарордоштаи ин ҳизби мамнуъни террористӣ дар хориҷи кишвар ба фазилатфурӯшӣ ва бадномсозии роҳбарият ва ҳукумати кишвар машғул шуда, бо роҳи бечоранолӣ дар назди созмонҳои байналмиллалӣ аз адолату демократия ва ҳуқуқуозодиҳои инсон ҳарф мезананд. Яке аз ин гуна Ватанфурӯшу хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки дар симои ӯ як шахси дурӯяву фиребгарро мебинем, ки нисбати хоки Ватанаш хиёнат кардааст. Худо кунад, ки ба дили золими онҳо раҳм дарояду хоки Ватани худро дӯст доранду эҳтиром кунанд ва ба роҳи рост равон шаванд.

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт

Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ