Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад
Вақтҳои охир дар баромадҳояш Муҳиддин Кабирӣ ҳизби фаъолияташ манъшудаашро чунон вонамуд мекунад, ки гӯё пайравону ихлосмандони зиёдеро дорад. Дар асл гирем он ташкилоти экстримистиву террористӣ кайҳост мавқеи худро аз даст додаву миёни ҷомеа обрӯву эътибор ҳам надорад. Аслан ин ҳизб нуфуз ҳам надошт. Мардум ба онҳо нафрат доранд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаеро хондам, ки нафрати маро нисбат ба ҳизби наҳзат дучанд намуд. Он мусоҳиба бо судяиСуди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов буд, ки дар он ҷо сухан дар бараи гунаҳкор кардани ҳизби наҳзат мерафт. Дар мусоҳиба судяиСуди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон Шамс Азизов қайд кардааст, ки “роҳбарияти ТЭТ ҲНИ бовар дошт, ки рузҳои наздик ба мақсадаш мерасад ва кишварро ба мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум табдил медиҳад. Ҳангоми кофтукби утоқи кории бинои марказии ҲНИ аз 30 варақаи ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро барои амал бароварданифаъолияти экстримистӣ ва террористӣ табадулоти давлатӣ доштанд мусодира гашт. Дар матн чунин омадааст: “Сабур бошеду мунтазир! Он рӯз дур нест, ки офтоби наҳзати мопардаи абри тирагини зулмаотро медараду шуълаиҷонбахши Худододааш бар тани мардуми Тоҷикистон нерӯи тоза мебахшад. Се-чор рӯзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин, ки шурӯъ шуд, ба мо бипайвандед.... ҳам низоми дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи исломи моро пуштибонӣ мекунад. Иншоолооҳ пирӯзӣ бо мояс” ин далели он аст, ки онҳо дар ҳақиқат чӣ мақсад доштанд”.Баъди ин гуфтушунидҳо на Кабириву на дигару дигарҳояш бегуноҳ буданашро исбот карда наметавонад.
Боз бо ин хоинон бо роҳҳои гуногун минбари гӯё сатҳи байналмиллалиро ба худ кушода талош меварзанд. Онҳо гурӯҳи экстремистиву террористӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ҳастанд. Вале худро чун мусичаи бегуноҳ нишон бедиҳанд.
Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад
Афтад ба ғарибиву ба кас бандашавад.
Биоишаи Назар