Изҳорот: Хиёнат ба Ватан-хиёнат ба миллат, хиёнат ба ормонҳои олии давлатдории тоҷикон!
Филми “Хиёнат”-ро на мақомоти амниятӣ, балки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таҳия кардааст. Бинобар ин, филми мазкур истеҳсоли “Тоҷикфилм” ва маҳсули меҳнати эҷодкорони асили ин ниҳоди фарҳангии кишвар мебошад. Гузашта аз ин, наход, воқеиёте, ки дар филми мазкур аз забони шоҳидони ҳол (аз ҷумла, наҳзатиёни пешин Айёмиддин Сатторов ва марҳум Сайид Қиёмиддини Ғозӣ) инъикос гардид, қонеъкунанда набошад. Албатта, барои тоифаи наҳзатӣ ин навъ филмҳо қонеъкунанда нест, чаро ки ҳувияти аслии наҳзат ва доираҳои ба он наздикро ифшо месозад. Ба ин маъно, филми мустанади “Хиёнат”-ро, бемуҳобо, метавон ба унвони “Нидои миллат”, санади таърихӣ ва олӣ муаррифӣ кард. Саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ – Кобра, пешгоми ҳаракати хурофотзадагии наҳзатӣ Муҳаммадиқболи беиқбол ва хидматгори наҳзатӣ Мирзои Салимпури “ноздонаи ҷонона”! Хитобан ба шумо таъкид менамоем, ки дар хотир доред, шумо ҳеҷ гоҳ ба аҳдофи нопоки худ нахоҳед расид ва камари ин миллати баномусро нахоҳед шикаст, чаро ки тоҷики номусмадор дар шароити бархӯрдҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ ва раванди миллатсозию давлатдории миллӣ канори давлат қарор мегирад ва фиребу гули як мушт беҳувиятро нахоҳад хӯрд. Аз ном аҳли зиё ва равшанфикрон: Субҳиддин Зиёев, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ , номзади илмҳои филологӣ, Ардамеҳр Ашӯров, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Парвиз Баҳриддинзода, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ, Хайрулло Раҷабов, ходими илмии Академияи миллии илмҳои ҶТ.
Тоҷикистони ҷангдида ва азияткашида пас аз мустаҳкам гардидани сулҳи воқеӣ ниҳоят нафаси озод кашид. Меваҳои ширини Ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос гардид. Имрӯз дигар мо намегузорем, ки ашки сӯзони модари тоҷик аз гум кардани фарзанду бародар, ҳамсару хешу ақрабо резад. Бинобар ба муқобили душманони миллат муборизаи беамон мебарем. То ки зиндагии осоиштаи халқи азизамон халалдор нагардад.
Маврид ба зикр аст, ки мо халқи тоҷик дар арафаи идҳои бузург, аз қабили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва 25 – солагии Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз қарор дорем. Баҳри дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани идҳои бузург камари ҳиммат баста, нақши муосири хешро гузорем.
Биёед ба сулҳу ваҳдат, оромию осудагии кишвар шукргузорӣ кунем ва нагузорем, ки дар байни мардуми кишвари азизамон нифоқу тафриқаандозӣ роҳ ёбад.