​Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт…

Имрўзҳо дар сархати расонаҳои хабари пешниҳоди Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев доир ба иваз кардани Ворух ба минтақаҳоимуайяни Қирғизистон вокунишҳои шадидро фаро гирифт. Ў дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек хабар дод, ки ду шарт ба мақомоти Тоҷикистон, пешниҳод карда шудааст:

«Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд»

Шарти дуюми «Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор гектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем.

Масъалаи Ворух имруз ба масъалаи ҷиддии миллати тоҷик табдил шуда истодааст. Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро болотар медонистанд. Аммо вақте гап бар сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, мо бояд манфиатҳои миллии худро ҳимоя намоем. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш ба ҳисоб меравад.

Раҷаббой Аҳмадзода – раиси вилояти Суғд таъкид намуда аст, ки“Ман боварии комил дорам, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва баробарарзиш ҳал мешаванд. Мо имрӯз ягон ваҷаб замини худро бе асос ба ягон кас намедиҳем. Ворух анклав нест ва масъалаҳои тақсими марз дар доираи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳал карда мешавад”. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст, марзҳояш дахлнопазиранд.

Тоҷикон ҳамеша ҷонибдорӣ сулҳу дўстӣ мебошад. Тоҷикон ва қирғизон садсолаҳо дар паҳлуи ҳамдигар зиндагонӣ мекарданд. Тоҷикон ҳамеша омода аст ба ҳамсоягон дасти ёрӣ дароз кунад,зеро онрўзҳои вазнине, ки дар таърихи навини тоҷикон шуда гузашт ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарояд. Бо баробари ин хеҷ як давлатба минтақаи давлати дигар даъво карда наметавонад. Мо умедворем, ки масъалаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ба манфиати ҳар ду давлат ҳал хоҳад шуд. Ин ҳодиса набояд ба рушди муносибатҳои байналмилалии байни давлатҳои мо таъсир расонад, зеро таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳадафи асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ