Изҳорот: Чоҳкан зери чоҳ афтидааст?!
Фазои орому осуда ва мусбати иҷтимоӣ – сиёсӣ дар ҷомеаи мутамаддини Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи давлатдории муваффақи роҳбарияти олии кишвар мебошад. Вале, нафарони муғризи нобакор бо саркардагии Муҳиддин Кабирӣ – собиқ роҳбари ташкилотитеррористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломи мамнӯъ ва навкарони ландаҳураш – Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Саидюнуси Истаравшанӣ ва дигарон аз ин дастовардҳои Тоҷикистон доимо нороҳату норизо гардидаанд. Зеро, аъмоли ин мухолифони фирорӣ ба мардуми заҳматкаши кишвари биҳиштосоямон маълум асту имрӯз онҳо мисли селаи зоғони сиёҳ фазои тарсу даҳшатафканиро шурӯъ ва мардумро ба сангарнишинӣ даъват менамоянд. Онон, ҳамчун лошахӯрони ҳақиқӣ, бо истифода аз андӯҳи инсонии вобаста ба тавсеъаи COVID-19, мисле, ки ин беморӣ бародари ҳамширу деринтизор ё қудои онҳо бошад, шеваҳои таҳоҷуми густурдаи иттилоотиро алайҳи ҳокимияти давлатии мо интихоб ва анқариб онро муқассири тавсеъаи огоҳонаи эпидемия дар кишвар меҳисобанд.
Шунидани суханҳои девонавори Муҳиддин Кабирӣ ва баландгӯякаш Муҳаммадиқболи Садриддин дар расонаҳои хабарӣ мушобеҳи суханронии Муссолинӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз ғояҳои фашистиро ба ёд меоварад. Чунки, ин нобакорон низ ба сарнагун намудани ҳокимияти қонунӣ дар Тоҷикистони зебоманзар, орому осуда ва обод даъват менамояд. Ба ҷуз сафсатаю тӯҳмат дигар амали шоистаро намедонанду хислатҳои накӯи инсонӣ ононро дар лаҳзаҳои аввали хиёнату ватанфурӯшиашон тарк кардааст. Магар, онҳо мехоҳанд, чархи таърихро чаппа баргардонанду рӯзҳои пуртаҳлукаю талотӯбу ошӯбангези солҳои 90-уми қарни гузаштаро аз нав ба сари халқи Тоҷикистон биёваранд? Кӣ гуруснагиҳо ва сардиҳои солҳои 90-умро, марги ҳамватанони манро, ки 15 - 18 соат барои нон дар навбат меистоданд, дар ёд надоранд?
Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки ин бадкирдорони наҳзатиро дигар ягон тоҷикистонӣ тарафдорӣ намекунаду онон барои худ ва пайравони муғризашон чоҳи чуқур кофта истодаанд. Рӯзе мерасад, ки ин чоҳкобони ифротӣ бо дасту пои шикаста даҳони бадбӯю симои манфур ба чоҳи кофтаашон фурӯ мераванду болояшонро хоки мамлакати аҷнабӣ пур мекунад. Дар оқибат ҳам тоҷикистониён ва ҳам ҷаҳониён аз ифротиёни шайтонсифат поку озода мегарданд.
Собиров М.С.-мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент