Гуфтор: “Додани як ваҷаб хоки Ватан – нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст”
Инсон нафарест, ки бо буда қаноат кунаду бо дода бизиҳад. Инсон будан дорои маънои бисёрро металабад. Форобии бузургвор, мутафаккири оламшумули форусу тоҷик инсонро ба тариқи зайл баён мекунад: “Бахту саодати инсонро ба дониш ва кӯшишу ғайрати ӯ вобаста медонад. Ҳамаи он чизе, ки барои саодат расидан муфид аст, некист ва ҳамаи он чизе, ки барои саодатманд шудан монеъ мешавад, бадист”. Аз ин бар меояд, ки инсон барои бо саодат шудан яъне хушбахт будан танҳо худаш қодир аст.
Оре хушбахтии ҳар яки мо дар дасти худи мост. Ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои хушбахт будан, ва оилаи худро хушбахт гардонидан шароит муҳайёст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушбахт будани ҳар як фарди ватандӯсту ватанхоҳӣ Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам намудаанд. Ношукри намудан, ба қадри ин нозу неъмати ваҳдату истиқлолият нарасидан ин ҳама аз сериву пурист.
Ин гуфтаҳо моро боз як бори дигар собит месозад, ки ба қадри Истиқлолият бирасем аз бӯҳрони солҳои 90–ум мо кайҳо баромада имрӯз Тоҷикистонро пешвои миллат халқи бо нангу номуси миллат Тоҷикистон гардонидааст. Баъди аз бӯҳрон баромада озодона зиндагӣ намудани халқи тоҷик бархе афродоне, пайдо мешаванд, ки ҳатто инсон гуфтан норавост ба шаъну шарафи миллати тоҷик нафрат меорад. Пеш аз қалам ба даст гирирфта як чӣ навиштан аввал андеша бояд кард. Ман худ кистам, аз куҷоям ва дар кадом дудмон сабзидаам. Нахуст аҷдодони ман ки буданд, аз куҷоанд. Ман дар бобати ки навишта истодаам, киро сияҳ карданиям. Нафароне, ки аз ватани худ рӯй метобанд, аз волидайни худ рӯй метобанд. Аз болои миллати тоҷик менависанд. Онҳо на танҳо сарвари худро, миллати худро баруи гузаштагони аҷдодии худро бобоёну падарони худро ор мекунанд. Магар ин шараф аст барои мард. Тарсу ҳарос, беимонист, ки аз дури дуриҳо Ватани худро, миллати худро олуданианд. Ҳеҷ вақт, ҳеҷ нафари беимон наметавонад некиву адолатро ғолиб гардад. Лаънат, ки аз Ватан канда шуданд. Дар ягон дин нагуфтааст, ки инсонозорӣ раво бошад.
Таърих гувох аст, ки точикон дар тамаддуни умумибашарӣ бо таърих ва фарханги пурғановаташон нақши муассир гузоштаанд. Теғу силоҳи ин миллат коғазу қалам буд. Соҳибфарҳангии ин миллат гарчанде аз китоби «Авасто» сарчашма гирифта бошад, ҳам дар асрхои баъдина, хусусан замони ҳуҷуми арабҳо ба сарзаминашон моҳияти китоби мукаддаси «Қуръон»-ро тез дарк намуда, рӯ ба сӯи дини мубини Ислом оварданд.
Тоҷикон имрӯз дар фазои софу ороми кишвар зиндагӣ карда истодаанд ва ба хеҷ гуна иғвои хоинони миллат гуш намедиханд. Миллати тоҷик имрӯз чун ниёгонашон такя ба илму фарҳанг мекунанд.
Ва дари ин баробар ҳар гуна изҳороти пучи ҷониби Қирғизистонро маҳкум намдуда, бо итминон мегӯем, ки ба касе як ваҷаб ҳамини худро нахоҳем дод. Ворух порае аз Тоҷикистон аст. Ҳақ бар ҷониби Фирдавсии бузургвор, ки фармудаанд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.