Ҷуз хоки Ватан майли зару сим надорем!
Мафҳуми умумибашарии шахси ватандӯсту ватанпарварро чунин маънидод менамоянд, ки нафарест дар доираи истеъдоду мафкураи озодандешони хеш аз самими қалб барои ободониву пешравии макони таваллудёфтааш (зодгоҳ) кӯшишу ғайрат менамояду омода аст, ки дар ҷодаи ҳифзи Ватанаш ҷони худро нисор намояд. Чунин ашхос гавҳари воқеии ҷомеа буда раванди ободкорӣ ва рушди устувории ҳар як қавму миллат, ҷомеа дар доираи мамлакати алоҳида ба ин нерӯи боэътимод такя мекунад. Зеро, танҳо чунин ҷавҳар меҳвари пайвасти ҳамаи хислатҳои мӯътамадии инсонӣ асту пойдории мамлакатро таъмин менамояд. Хусусан, дар рӯзҳои вазнину пуртаҳлука ҷомеа фарзандони содиқи худро ҷӯён мешаваду мавҷудияту бартарии аксарии онҳо боиси суботу оромии кишвар мешавад. Лек, на ҳамаи нафарони зодаи Замин дорои чунин хислатҳои арзандаи башарӣ ҳастанду аз имтиҳони ҷомеадорӣ мегузаранд.
Зеро дар равандҳои пурпечутоби зиндагӣ вази кунуни ҷомеаи ҷаҳони нишон медиҳад, ки ҳар як амали ба вуқуъомада дар сартосари дунё нишонаи он аст, ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи сиёсиашон камари ҳиммат банданд. Зеро мардуми шарифӣ Тоҷикистон ба қадри ин неъмати бебеҳо ва пур аз заҳмати худро пайваста муҳофизат намуда, кӯшиш менамояд , ки нафаре ороми ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи ҳазор соли мавҷудияти давлати бузургӣ Сомониён бори дигар дар харитаи сиёсӣ ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона этироф гардид, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандона ва дурандешона ва пайваста заҳматҳои шабонарӯзи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмебошад.Бояд ёдовар шуд, ки Муноқишаҳои мутаасил дар сарҳади байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи тӯлониро дар бар гирифтаасту ҳаллу фасли воқеъиро тақозо менамояд. Зеро, аз солҳои 1988-1989-ум инҷониб дар ин мавзеъ низоъҳо оғоз ёфтаву то ба ҳол идома дорад хусусан, тезутундшавии вазъият солҳои охир боиси кушта гардидани чандин шаҳрвандони бегуноҳи Тоҷикистон шудааст.
Аён гардидааст, ки аксаран заминаи муноқишаҳо аз иғвогариҳои як-ду нафар ашхоси муғризи ҷониби Қирғизистон оғоз ёфта ба зиддияти халқи оддӣ мубаддал мегардад. Ҳукуматдорони қирғиз бошад, нисбати чунин ашхос муҷозотҳои гуногунро раво намедоранд, ки баъдан боиси давом ёфтани муноқишаҳо шуда истодааст. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст, марзҳояш дахлнопазир ва дахлнопазиранд. Мо як кишвари устуворе дорем, ки дар он мардуми осоишта ва меҳнаткаш зиндагӣ мекунанд. Дар хотир дошта бошем Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли Тоҷикистони солҳои нав таъсисиёфта нест, ки нафаре ба хонаи ӯ бо чашми баъд нигоҳ кардаву боз талаби ҳудудҳои онро карда бошад. Имруз шаҳрвандони заҳматдида, дилсуҳтаи миллати тоҷик давраҳои вазнини Ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаву, дар роҳи сулҳу суботи ҷомеа Модарон фарзандони чигарбанди худро аз даст доданд, ки ин ҳама қурбониҳо барои ҳифзи як порча хокиВатан буд. Бо ин ҳама ҷабрҳои кашида мо ба қаламравҳои бегона даъво намекунем намехоҳем як ваҷаб замини муқаддаси худро ба касе тақсим кунем. Ман фикр мекунам, ки ҳайати Тоҷикистон то он даме, ки қарорҳои дахлдор дар асоси баробарӣ, эҳтиром ва ҳамсоягии хуб қабул карда нашаванд, мардуми худ ва мардуми дӯсти Қирғизистонро ба ташвиш нахоҳанд овард.
Мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофариТоҷикистон тӯли солҳои зиёд баҳри ҳалли мусолиҳаомези низоъи мавҷуда кӯшиш намуда таҳаммулро пеша кардаанд, аммо имрӯзҳо “корд аз устухон гузаштааст”-у месазад, ки андешаи фарҳангиамонро як сӯ гузорему нишон диҳем, ки миллати тоҷик баҳри ҳифзи марзи хеш омода аст, ки тани худро сипар кунад. Инчунин мехостам ба ҳамватанони бо ору номуси миллати худ, ҷавонони парчамбардор ва ҷонфидои кишвар бояд хотиррасон намоям - новобаста аз мансубияти милливу мазҳабӣ ва нажодӣ дар давраи душвор, мо бояд дар атрофи Ҳукумат ва Сарвари давлат боз ҳам зичтар гирд оем. Зеро мо халқи Тоҷикистоняк Ватан як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон бинобар ин ҳифзи марзу буми кишвар барои шаҳрвандони далеру шуҷои он фарз аст.
Самандар Тоҳириён мутахассиси пешбари шӯъбаи тарбия МДТ “ДДХ ба номи академикБобоҷон Ғафуров”