​Изҳорот: Кабирӣ хоини гузарост

Ба Кабирии хиёнаткор муроҷиат карда мегӯям, ки матни муроҷиатномаи донишмандони тоҷикро бо диққат хонад ва аз рӯйи виҷдон хулоса барорад. Зеро барои ҳама маълум аст, ки ҷаҳонбинӣ маҷмӯи дидгоҳиинсон нисбат ба муҳити атрроф буда дар худ масъалаҳои табиат , ҷамъиятва тафакурро дарбар мегирад ва он аз хурдсолӣ шакл пайдо мекунад.Омили такондиҳандаи он тағироти беохири муҳити атроф, мақсадгузории иҷтимоӣ ва сиёсии одамон ва субъектҳои гуногуни сиёсӣ мебошад. Вобаста ба ин рафторҳои шахс, гурӯҳҳои одамон дар навъҳои мухталиф худро нишон медиҳанд, бинобарон мувофиқи ақидаи Гегел, рӯйдодҳо алоқамандии ҳатмии предметҳо мебошад.

Таҳлили ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои 90-уми асри XX, ки густариши раванди бегонапарастӣ бо оқибатҳои харобиовар ба иқтисодиёт ва маънавиёти мардуми мамлакат таъсирҳои худро расонида буд, инчунин падидаҳои экстримизм ва терроризм дар таърихи давлати мо пайдо гардида буд. Он шабу рӯз пешвоёни дин дар масчидҳо фаъол буданд. Якчанд ҳизбҳо ташкил гардиданд, ки яке аз он ТТЭ ҲНИ буда дар солҳои охири фаъолияти ин ташкилот роҳбарии онро М.Кабирӣ дар ӯҳда дошт. Пас аз расман манъ гардидани фаъолияти ин ҳизби тахрибкор роҳбари он дар хориҷи кишвар бо супориши хоҷагони худ мехохад мардуми ватани моро гумроҳ намуда амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Ба бахти мардуми тоҷик фарзандони сарсупурдаи халқ пайдо гардида арзишиҳои қадимаи ориёиро дар Тоҷикистони азизи мо ташвиқ намуда дар мафкури мардуми тоҷик на миллатгароӣ, балки миллатпарвариро пеша намуд, бо сарварии худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба соҳибистиқлол шудан раҳнамо гардиданд, ки дар натиҷа тавонистем ҷомеаи вайронгардидаро ба як миллати ягона ва давлати пурқуввати дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун кишвари амнтарини олам эътироф намоем.

Азизов А. –декани факултети санъати тасвирӣ ва технология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ