​Изҳорот: Сомонаи ифротии “Ахбор” ба Мирзои Салимпур манфиат наовард

Дар арафаи чорумин соли таъсиси сомонаи “Ахбор” он фаъолияташро қатъ кард. Боиси қайд аст, ки ҳар тасмиме, ки ғайриҳирфаӣ ва ғайритахассусӣ ба шумор меравад, дар охир ба чунин вазъият омада мерасад. Дар мисоли сомонаи “Ахбор” метавон таъкид кард, ки маълумотҳои ин ниҳод ва командони ӯ ба самти даҳшатафканӣ ва тафриқаандозӣ равона гардида буда, характери таҳлилӣ надошт. Сомонаи “Ахбор” ва кормандони он вазъи ҷаҳонӣ ва таъсири он дар Тоҷикистон, баррасии ҳирфаии воқеаҳои бавуқӯъомода, оқибатҳои ранг гирифтани муборизаҳо ва сабабҳо пайдо шудани баъзе ҳолатҳои бавуҷудомада наметавонистанд таҳлили воқеӣ ва беғаразона анҷом диҳанд.

Аз ин ҷиҳат, аз ҷониби Тоҷикистон ба гуруҳои смонаҳои ифротӣ дохил гардид. Яъне, кормандони сомонаи “Ахбор” аз уҳдаи кор баромада натавонистанд. Бар асоси фаъолияти нодурусти сомонаи мазкур як андоза мардум ба таҳкула омада буданд. Фаъолияти жӯрналистӣ дар раванди кори сомонаи “Ахбор” ба ҳамин равандҳои номатлубнигаронида шуда бад. Боварии комил дорем, ки чунин таҷриба дигар ба корбарони сомона як ҳушдори хуб хоҳад буд. Ҳатто Додоҷони Атоуллоҳ аз корҳои корбарони он изҳори нигаронӣ карда, аз чунин шеваи бархӯрд сахт танқид карда буд, ки бесаба набуду нест. Дар оғоз чун рӯзноманигорон аз ҳадафу барномаҳои сомона бехабар буданд, як андоза бар иваи пули ночиз хидматро авло дониста, бо ӯ ҳамкорӣ ба роҳ монда буданд. Аммо пас аз офшои ҳадафи корбарони он ин амал тамоман қатъ гардид.

Ин матлабро худи сардабири сомона чунин иброз доштааст: “Бар асоси ин қарори беасос, мутаассифона, хабарнигорон наметавонанд ба таври озодона ва бо зикри ном ба “Ахбор” гузориш фиристанд, коршиносон ба мо озодона изҳори назар кунанд ва ҳамин тавр, мақомоти расмии Тоҷикистон низ ҳаққи озодона бо “Ахбор” суҳбат кардан ва посух додан ба пурсишҳои моро надоранд, чунки онҳоро метавонанд ба ҳамкорӣ бо нашрияи мамнӯъ гунаҳкор кунанд”. Мо боварии комил дорем, ки сардабири рӯзнома аз чунин шакл гирифтани кори безаминааш хулосаҳои мантиқӣ мебарорад ва минбаъд аз хориҷа истода ба ҳодисаҳои дохилӣ баҳо намедиҳад. То як чизро бо чашми сараш набинад хулосабарорӣ нахоҳад кард.

Кайхусрав Каримов –устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ