​Изҳорт: Иззат Амон худро кӣҳисобид?!

Иззат Амон дар як муддати кутоҳ бо агитатсияи бардуруғба танқиди ҳукумати Тоҷикистон машғул буд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бояд бо анҷоми чунин корҳои ғайриқонуниаш дар хориҷи мамлакат ҷавоб диҳад. Аммо чундин сомонаҳои ҳамақидаи ӯ, ки ҳамеша дар пай бад кардани кишвари мо ҳастанд, ин масъала ба таври дигар муаррифӣ гардид. Мо боварии комил дорем, ки чунин нафарони ба ном ҳомии ҳуқуқ ба манфиати давлату миллати мо кор намекунанд.

Агар ҳамин корро анҷом додаанд, муғризона буда, ба мақсади ба даст овардани пули шаҳрвандон дар хориҷи мамлакат сурат гирифтааст. Иззат Амон тайи чанд сол аст, ки зери шиори ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави русия фаъолият бурда, ҳатто шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Яъне, ӯ шаҳрванди дигар кишвар ҳисоб рафта, аз паи бадном кардани кишвари Тоҷикистон аст. Бубинед ин ҳомии ба ном ҳуқуқ чӣ гуна обро лой карда, моҳӣ доштанист. Иззат Амон бояд хуб донад, ки кишвари мо он кишваре, ки ӯдар хориҷа истода тануид мекунад намбошад. Ӯ, ки дар рушди ин кишвар як пули пучак ҳам сарф накардааст ва аз ҳисоби шаҳрвандони он зиндагиашро дар хориҷи мамлакат ба роҳ мондааст, чӣ мехоҳад. Аз паси ӯ кӣ меистад. Албатта ин суолест, ки бодя посух диҳад.

Дирӯз писари ӯ бо вай мулоқот карда, вазъи саломатиашро хуб арзёбӣ намудааст. Маълум, ки расонаҳои иғвабарангез ҳар гуна ахборро чоп карда, аз паи хушуна шудаанд.Иззат Амон, ки ин қадар ҳам моли беайб нест, дар хориҷи мамлакат аз пули шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагии шоҳона ба сар бурда, як чанд ҷиноятҳоро низ содир кардааст. Мо боварии комил дорем, ки Иззат Амон дар куҷое, ки набошад, онҷо ҳатман ягон ҷиноят содир мешавад.

Кайхусрав Каримов – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ