​Бо ҷисму ҷони дар рамақ дошта Ворухро ҳифз менамоем!

Доир ба масоили баҳси заминҳои Ворухи шаҳри Исфара чӣ қадар таърихшиносон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон ва коршиносони соҳа ибрози андеша намудаву ба хулоса омадаанд, ки он аз пораи воқеиву ҳақиқии кишвари мо – Тоҷикистон аст. Инро на танҳо олимону донишмандон балки шахсиятҳои соҳибтаҷриба низ бо далелҳои асоснок исбот кардаанд. Ҷойи дигари баҳс байни тоҷику қирғиз набояд ҷой дошта бошад, ки он замин ва макони таърихиву аҷдодии мо ба ҳисоб меравад.

Мо сокинони Тоҷикистон ҳар як ваҷаб ва обу хоки муқаддаси Ватани азизамонро ҳифз мекунем ва баробари ободу зебо гардонидани ин гӯшаи кишвари азизамон – Ворухро дар оянда ба насли ҷавон мерос мегузорем ва хоҳем гузошт.

Аз ҷониби ҳамсоякишвари қирғиз мебоист муносибат хуб ва ҳамкориҳои самарабахш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ анҷом ёбад. Рафту омади ҳамсоягӣ, эҳтиром ба якдигар, фаъолияти якҷояи манфиатовар ба ҷомеа ва дигар ташаббусҳое, ки риштаи дӯстиву рафоқатро мустаҳкам ва сатҳи зиндагиро беҳтару хубтар менамояд, равона мегардид.

Аммо андешаҳо ва амалҳои солҳои охир анҷомёфтаистода доир ба баҳси замин аз ҷониби баъзе аз сокинон ва намояндагони Қирғизистон табиати инсонро хира, эҳсоси нобовариро дучанд ва ба решаи дӯстии ҳамсоя теғ мезанад.

Хулоса, пораи ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон аз мо буд, ҳаст ва хоҳад монд ва мо ҳар хасу хоки онро бо ҷисму ҷони даррамақдошта ҳифз менамоем.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ