Хоинони миллат ба маҳсад намерасанд

Солҳои охир ҲНИ тавассути истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигӣ, туҳмату иғво ва кинаю адоватро барангехта, баҳри халалдорсозии ҳаёти осудаи Тоҷикистони азиз ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидҳои рӯирост намуда истодаанд. Агарчи Ҳукукмати Тоҷикистон ҳанўз соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнўъ ва террористӣ эълон дошта буд, то кунун пайравони он дар хориҷи кишвар мекўшанд, ки ба ҳувияти сиёсӣ ва истиҳлолияти давлатӣ зарбаи ҷиддӣ расонанд.

Амалҳои хиёнаткоронаву моҷароҷўёнаи Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш нисбати Модар-Ватани худ, ки берун азхоки Ватан ҳарор доранд, боиси нигаронии ҷомеа гардидааст. Ҳайратовар аст, ки ин ҳабил афрод дар ин рўзҳои фоҷеабор, ки тамоми ҷаҳон бо вабои аср-бемории Covid-19 мубориза бурда истодааст, дар канори давлату миллат наистода, баръакс дасисаю иғвогариро пеша кардааст. Афкору андешаи дурӯғи саркардагони ин ташкилоти террористӣ, ақлу зеҳни кунди иддае дур аз илму маърифатро рабуда, онҳоро фирефтаи ваъдаҳо менамояд, ки ба обрўву эътибори Тоҷикистони маҳбубамон иснод меоварад.

Хоинон ва бадхоҳони миллату давлат, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш як чизро фаҳмидан намехоҳанд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаву ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар кишвари азизамон сулҳу ваҳдат барҳарор гардид. Онҳо эътиҳоди мардуми диёрро нисбати Пешвои муаззами худ наметавонед бо афкори бемавҳеъ ва дурўғгўӣ коста гардонанд.

Ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 29 сол ба даст овардаи халҳу ватани хешро ҳадр мекунад, хуб дарк хоҳад кард, ки ин ихтилофангезиву дасисабозиҳои ин хоинони миллат ба гумроҳӣ бурдани мардуми мо равона карда шудааст.

Имрўз мо насли даврони Истиҳлол, ки рўз то рўз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем бояд аз ин амалҳо ва манфиатҷӯиҳои ин ташкилот зиракии сиёсии худро дучанд намуда, гирди сарвари оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем ва барои ободиву осудагии ватани худ софдилона хизмат намоем.

Ғафорова С.П.-муаллимаи

кафедраи Н ва МТЗМ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ