Буттаи бесамари наҳзатиён!!!
Ҳар як организми зинда дар натиҷаи таҳаввулоти тӯлонӣ дар табиат ҷойгоҳи хосаи худро дорост, ки самари муайянеро дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ба бор меоварад. Вале, дар табиат базъе унсурҳои нохалаф вомехӯранд, ки бесамару зараровар буда бинобар ин, худи мавҷудоти зиндаи дигар барои маҳви он мекӯшанд, ки нишонаи мубориза барои ҳаётгузаронӣ асту дар аксарияти ҳолатҳо муфтхӯрон (паразитҳо) мағлуб мешаванд, вале бо осонӣ ҷон намедиҳанд.
Шабеҳи равандҳои таҳаввулоти табиат дар ҷомеаи башарӣ низ на ҳамаи фардҳои алоҳида омодаи самароварӣ ба манфияти ҷомеа ва бунёди ояндаи дурахшон мебошанд. Нафароне, ки нияту орзуҳояшон нопок асту муфтхури асл ҳастанду мебояд аз байни ҷомеа барканд, онон, низ ба осонӣ таслим намешаванд. Ҳол он, ки дар талвосаи (судорога) ҷонканианду чун мори заҳрдор доимо аз паси заҳрпошӣ ҳаракат менамоянд. Гарчанде,ки медонанд буттаашон берешаву бесамар, кӯшиш менамоянд, ки ба дарахти азимҷуссаю тавонои давлатдорӣ халале ворид созанд. Шукронаи Парвардигор, ки чунин қудратро надоранду лекин, чун хаси нопок оби софро нопоку норавшанкарданианд. Мисоли ин амалҳои ношоистаро метавон дар фаъолияти ҳизби мамнӯи наҳзати ислом мушоҳида кард. Ин ташкилоти ифротии муассисаш аҷнабӣ, чун бӯқаламун тез – тез тағйири ному насаб мекунаду фаъолияти ифротиаш бе тағйир мемонад.
Ҳангоме, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои дигари иттилоотӣ аз бадкирдориҳову гуфторҳои қабеҳонаи наҳзатиёни ифротӣ бо сарвари манфураш – Муҳиддин Кабирии мазҳабфурӯши хоин огоҳ мешавем, аён мегардад, ки онон хусусияти бешарафонаи мутобиқшавӣ ба муҳиту замонро доранд, ки хоси организми муфтхӯрон аст. Як гурӯҳ нафарони баднафси беиродаву пастфитратро бо маблағгузории хоҷагони аҷнабӣ ҷамъ оварда Кабирии палид худро доҳии онон мехонад ва ҳатто умедвор аст, ки чун Ленин доҳии ифротиёни ҷаҳонӣ бошад. Лекин ӯ дарк намекунад, ки хасестнопайдо дар қиёси Бин Лодани ҷондодаву ҷойгирони он!? Танҳо фосиқу ландахур ватанфурӯш асту дидани симои бадкинаву дилсиёҳи манфураш касро нороҳат месозад. Худро хушҳол вонамуд мекунад, чашмони маккоронаи айёраш бозӣ мекунанд, гӯё саққои билярд бошанд, ки паноҳгоҳ мекобанд.
Ин мурдори палид, ки давоми умраш ба нафаре аз ҷомеа нафъе наовардааст, ҳаммисли буттаи бесамар аст, ки наметавонад дар макони муайян маскуният ёбад. Саросари мамолики Аврупо дар ба дар гаштаву овораи садақапурист, ҳатто орияту номус надорад, ки аз бегонагон ниёзе мехоҳад. Ин худ нишонаи он аст, ки “агар қадри инсонӣ хоҳӣ хаси Ватан бош”!Лекин, М.Кабирӣ бо думравони лаббайгӯякаш дур аз хоки Ватан чун муртади маккор ба авомфиребиҳо машғул асту аз оқибат андешанамекунанд.
Бинобар ин, ӯ ва ҳаммаслаконашро ҳушдор месозам, ки ҷомеа чун табиат қодир аст, ки организми беҳудаи зарароварро маҳв созаду муҳити солимро барпо намояд. Наҳзатиёни ифротиро танҳо ватангадовударбадарӣ дарин олам ва азобу уқубати ҷаҳаннам дар он дунё насиб асту бас!
Собиров М.С – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”