Изҳорот: Филми хиёнат - бозгӯи ҳақиқат
Чандест, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ силсилафилми Хиёнат пахш карда мешавад, ки бозгӯи ҳақиқати таърихии халқи тоҷик, баёнгари ранҷу кулфатҳое, ки аз ҷониби хоинону ватанфурӯшон нисбат халқи осоишта раво дида мешуд, инъикоскунандаи зоҳиру ботини фаъолияти аъзоёни ҳизби наҳзат аст. Худ, эпиграфи аввали филм “Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд!” баёнгари ҳамаи ин филм асту маънии томи филмро ба куллан иброз менамояд! Зеро, дар ҳақиқат хиёнаткарда, ҳар як амали худро бо тарозуи ақли худ баркашида баъд, содир намудааст. Ё худ ҳар амали хоинонаи ин наҳзатиёни наҳс, ки дар филм инъикос мегардаду аз ҷониби худи наҳзатиён ба навор гирифта шуда, аз забони ранҷкашидагон баён мешавад, ифодакунандаи амалҳои ноҷавонмардона ва дар бархе ҳолатҳо аз чорчӯбаи одобу инсонгароӣ берун ва ё худ амале, ки ҳайвон нисбат ҳайвоне раво намебинад, акс ёфтааст. Воқеан дар филми хиёнат таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва корсозиҳои душманони миллат инъикос карда мешавад.
Пас, аз тамошои силсилафилмҳо ҷавононе, ки аз фоҷиаҳоҳои даҳшатбори замони ҷанги таҳмилӣ ва ё худ пасоҷангӣ бехабар буданду нақли калонсолонро ҳамчун афсона қабул намуда буданд, вазъияти он замонро ба хубӣ дарк намудаву бо чашми сар бидиданд ва шукронаи ин ободиву ин сарсабзии миллат менамоянд ва бо исрор мегӯянд, ки хиёнаткор ҳеҷ гоҳ ба ҳадаф намерасаду хоин бахшида намешавад! Ҷавонони бо нангу номуси ватан таҳияи филми ҳуҷҷатии хиёнатро дастгирӣ намуда, аз таҳиягарон хоҳиш менамоянд, ки филми мазкур ба забонҳои дигар низ тарҷума гардаду ба маърази умум вогузор карда шавад, то кулли мардуми олам аз амалҳои наҳси наҳзатиён огоҳ бигарданд!
Шарифзода М. –устоди МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”