​Изҳорот: Ошӯбкориҳои ТЭТ ҲНИ дар филми “Хиёнат”

Дар замони муосир яке аз унсурҳои асосии сохтори сиёсии ҳама гуна ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буда, то дараҷае сатҳи тараққиёти онро муайян мекунанд ва навъи муҳими зуҳуру риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи манфиату талаботи инсон мебошанд. Дар мавриди мавҷуд набудани ин гуна аҳзоби сиёсӣ дар ҷамъият демократия, озодии фикр, адолат, озодии ҳуқуқ имконнопазир аст. Аҳзоби сиёсӣ ё ба истилоҳ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзимгари муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, тавассути онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба фаъолияти давлат назорат мебарад. Мавҷудияти чунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳи камолот ва қобилияти ташаккулдиҳии он шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки байни унсурҳои дигари сохтори сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ мавқеи хоса доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ дар танзими равандҳо ва муносибатҳои сиёсии байни одамон, давлат ва ҷомеа саҳми беандоза доранд. Одамон ҳамчун гурўҳҳои калони иҷтимоӣ мақсад ва ҳадафҳои мухталифи сиёсӣ доранд ва барои ба он ноил гардидан аз шаклҳои мухталифи иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ истифода менамоянд, ки муҳимтарини онҳоро ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат ҷомеаи комил, давлатҳои муқтадир ва демократӣ кўшиш менамоянд, ки ҳуқуқу манфиатҳои одамонро аз ҳар ҷиҳат, аз ҷумла ба воситаи ҳизбҳои сиёсӣ қонеъ гардонанд. Дар ин маврид аҳзоби сиёсӣ чун танзимгар ва сарфагари қувваҳои расмии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ба моҳият ва хосиятҳои зарурии давлати комили демократӣ зараре намеоранд. Бинобар ин ҳизбҳои сиёсӣ барои демократияи намояндагӣ низ заруранд, зеро омма яку якбора ва ҳар кас дар алоҳидагӣ давлатро идора карда наметавонанд. Аммо на ҳама ҳизбу ҳаракатҳо тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти самаранок менамоянд

ТЭТ ҲНИ бо ошубкориҳои худ натавонист дар давлатдории навин саҳми созгор гузорад. Фошкориҳои ТЭТ ҲНИ дар филми “Хиёнат” бо матолибҳои дақиқ ва далелҳои фаровон мушкилоти азими сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар исбот кард.

ШАҲРЗОД

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ