​Ба таваҷҷуҳи устодони донишгоҳ!

Ба таваҷҷуҳи устодон расонида мешавад, ки Раёсати илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар асоси дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои “Кафедраи беҳтарин”, “Олими сол-2020”, “Олими ҷавони сол-2020”, “Докторанти сол-2020” ва “Магистранти сол-2020” эълон намудааст.

Озмунҳои болозикр бо мақсади ҷалби васеи олимон ва ҳавасманд намудани онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, нашри асарҳоиилмӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ,иштирок дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ташкили семинарҳои илмӣ, маърӯза дар чорабиниҳои илмӣ, таҳияву баргардон ва тарҷумаи асарҳо, иштирок дар лоиҳаҳои илмӣ ва ғайра ташкил ва гузаронида мешавад.

Озмунҳои мазкур дар моҳи декабр ҷамъбаст карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ