Изҳорот: Эй халаловарони Тоҷикистон, то кай иғвогарӣ!?
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад?
Шоир вақте ки ин суханонро бар забон меоварад, ҳатман ҳадафаш ба дурустӣ овардани фикру табиату сиришти одамони равшанинадида мебошад. Мо бесабаб вокуниши мазкурро бо ин байт оғоз накардем. Ҳадафи мо таъкиди ин нукта аст, ки инсон агар хубӣ ва некии ҳар корро хоҳад, пеш аз ҳама бо чашми нек бояд ба он бингарад. Вагарна, “...на ҳамин либоси зебост нишони одамият” аст.
Ин суол табиист, ки чаро халаловарандагони зиндагии осоиштаи бо ҳар баёноту навиштаҳояшон ҷанги иттилоотӣ эълон карданианд? Фикр мекунам, ки дар таърихи башарият Аҳримантинатон маротибае ҳам ба мақсади худ нарасидаанд. Ин гуна нафарон аз дур истода давлату миллатро ноором менамояд, бар зидди Ҳукумат ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сухан меронад ва фаъолияти онҳоро дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар зери танқид мегирад, коргоҳи нафароне, ки бо мақолаву вокунишҳояшон амалу кирдори мухолифини тоҷикро маҳкум мекунанд, “фермаи ҷавоб” ном медиҳад ва ба ин гуна ашхоси ватандӯст таҳқири зиёдеро раво мебинанд. Оё ин гуна нафарон зода ва шаҳрванди Тоҷикистон набудаанд, ки ин қадар таҳқирро бар зидди ҳамватанон раво мебинад ва гӯё бо суханҳои қабеҳаш аз онҳо алам меситонад.
Бояд донист, ки мардуми кишвари азизамон нооромии давлату миллатро ҳаргиз намехоҳанд, бахусус, иғвоангезу моҷароҷӯёнро чашми дидан надоранд. Кишварамон рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаву озодона фаъолият мебаранд.
Аз дасисабозони мухолифи давлат хоҳиш мекунам, ки ба ин гуна кирдорҳо нуқтаи хотима гузоранд ва барои сохтани Тоҷикистони вокеан ҳам шукуфо дар баробари ҳамватанон қарор гиранд...
Ҷамшеди Каёнӣ–устоди донишгоҳ