​Ба корҳои созандгию бунёдкорӣ раҳнамо бошем!

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавононпарваронаи Пешвои муаззами миллат аз рузҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳуқумати кишвар қарор дорад. Табиист, ки беиштирки фаъолонаи ҷавононони диёр нерӯи бузург дар ҳаёти ҷамъиятӣ рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таваҷҷӯҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаву дурандешона ва пайваста дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон нерӯи онҳоро дар бунёди давлати ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол ва ба корҳои созандгию бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат дар масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда чунин иброз намуда буданд. “Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин нерӯи бузургу солим аз сиёсати он пуштибони кунад.” Бинобар ин имруз дар як лаҳзаҳои пур аз печутоб паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар истода барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон Тоҷикистон камари ҳиммат баставу барои муҳофизати яқ қисми ҷуднашавандаи сарзамини Тоҷикистон ҷамоати Ворухи ш.Исфара вазифаи муқаддаси мо ҷавонони мебошад. Зеро Пешвои муаззами миллат дар як баромади худ ба халқи тоҷик чунин иброз менамоянд. “Мо бояд азрзишҳои бузурги худро ҳифз намоем, зеро як Ватан Модар дорем ки номаш Тоҷикистон аст ва маҳз ҳимояи марзу буми он эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллии вазифаи қарзи шаҳрвандони далеру шуҷои он мебошад”.

Инчунин мехостам ба ҳамватанони худ хотиррасон намоям - новобаста аз мансубияти милливу мазҳабӣ ва нажодӣ дар давраи душвор, мо бояд дар атрофи ҳукумат ва сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонбоз ҳам зичтар гирд оем ва барои ҳимояи давлату миллати худ сарҷам бошем нагузорем миллате, ки аз аввали пайдоиш барои худ сарзамини муайян надоштаву пайвастахалқиятҳои худ ҳамчун кучамнчи зисту зиндаги доштанд. Имруз омада ба миллате, ки дорои сарзамини бузурги аҷдодони Сомониён ҳастанд ки милати шаҳрсозу, куҳанбунёд, тамадунофар бо чашми бад нигоҳ кардаву дар баъзе зарзамини Тоҷикон паноҳ бурдаву боз бар ивази баъзе аз қисматҳоои сарзамини тоҷикнишин истиқомат кардаву боз, талаби сарзамини Ворухи тоҷикнишинро карда истодааст. Бинобар ин имруз мо ҷавонони соҳибзамин намегузорем ба як халқияти кучманчи Қирғиз замини аҷдодони тоҷик, ки ҷони ҳазорон бародарони мо рехтаву бунёд гардидааст диҳем.

Аз забони шоири ширинкамол гуфтани ҳастам:

Ворух ба ҳеч ганҷи дунë надиҳем,

Бар валвалаи бе сару бе по надиҳем.

Қирғиз агарчи ҳаст ҳамсоя, вале

Як зарра зи хоки хеш савғо надиҳем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ