Хоинони фурӯхташуда
Иллати сар задани падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мардуми осоишта ва роҳ додан ба иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз ҷониби саркардагони наҳзатиёни наҳс садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои милливу давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона ва дар ин замина ба вуҷуд овардани нофаҳмӣ дар фазои кишвар маҳз фаъолияти ниҳодҳои Кабириву ҳаммаслакони ӯ монанд мебошад.
Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва бархе аз гурӯҳҳои фурсатталаб гардидани мардум бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли таҳрибкорона буд. Агар аз аввали фаъолияти Кабириву ҳампешагонаш назар афканем, саропо аз тӯҳмату муҳтон зери ниқоби мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ буда, дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс дод ва вокунишҳоеро бармеангезад.
Мардум аз рўйи фитрати азалии хеш то ҷое тавонистанд, муқовимат карданд, то пинҳонӣ амал кардан ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст задани онро ошкор намоянд. Силсилафилми “Хиёнат” бозгӯи амалу фаъолиятҳои муғризонаи ин гурӯҳ аст, зеро қаҳрамонони асосии он саркардагони ин ҳизб асту шоҳидон ҳама ҷабрдидаанд. Замони пахши ин филм дар расонаҳои хабарӣ, вақте, ки аз забони ҷабрдидагон амалҳои нопоку ваҳшимонанди ин нохолафонро мешунавад, кас ангушти ҳайрат мегазад, ки наход ин одамон аз ҳаммиллатони мо бошанд? Наход бародар бар бародари худ чунин ваҳшониятро раво дида бошад? Охир тоҷик аз азал инсондӯсту сулҳпарвар буд ку? На! Ин хоинонро ки ниҳод аз ваҳшоният пуропур аст, ҳаргиз бахшидан номумкин аст, зеро онҳо иштибоҳ накардаанд, онҳо хиёнат кардаанд!!! Нафаре, ки хиёнат кардааст, дубора такрор хоҳад кард!
Маълуми ҳамагон аст, ки сомонаҳои иҷтимоиро ҳар дақиқаи фаъолияташ маблағҳои бузурге меистаду ҳамаи ин маблағҳо ба Кабириву ҳаммаслаконаш аз ҷониби хоҷагони хориҷии онҳо таъмин карда мешавад. Ҳамин худ боз намудани сомонаҳои ифротиву ба хотири серхонанда гардидани ин сомонаҳои иҷтимоӣ, онро бо маводҳои фаҳшу тӯҳмат пур кардан, маводҳои беасосро ҷой додан, бар зидди нафаре тӯҳматеро раво дидан, ин худ хиёнат аст! Хиёнат бар давлат, хиёнат ба миллат, хиёнат ба дину эътиқоди мардум! Ба хотири ҳисоботи молии худ назди хоҷагони худ, ин бешарафон ҳатто номусашонро фурухтаанду боз бонги озодиву ободӣ мезананд.
Мо мардуми сулҳпарвари кишвар бо як овоз мегӯем, ҳой бешарафон аввал худатон аз асорати хоҷагони худ озод гардеду баъд фикри ғайрро кунед. Зеро ин миллат, ин давлат кайҳост озод аст, озод аз дасти нохалафону бо сари баланд ва бо дили пур, бо сарварии Садри муаззамаш роҳ сӯи ободиҳо дорад!
Шарифзода М.