Изҳорот: Хоҳӣ, ки озод бошӣ ғуломи қонун бош
Имрўз боз як изҳороти як журналист, ки айни ҳол таксӣ меронад боиси пайдо шудани ҳар гуна сару садоҳо гардид. Ин жӯрналист бе гирифтани иҷозатнома ба рондани таксӣ машғул шуда, аз ҷониби нозирони роҳ чандин маротиба боздошт ва ҷарима шудааст. Маълум, ки аз ин сабаб ба нафрат омада, бо ҳамин амал, яъне гузоштани изҳорот дар шабакаҳои иттилоотӣ як андоза матлабашро расонаӣ карданӣ шудааст. Аз ин фурсат истифода бурда, баъзе ифротиҳои хориҷӣ боз бозори нифоқу тафриқаро гарм карда, онро ба як ҳангома табдил доданд. Ин журналист аз ифодаҳои халқӣ истифода карда, аламу дарди худро баён намудааст, вале ин матлабро бояд нағз дар хотир дорад, ки дар ҷомеаи маданӣ хоҳӣ, ки озод бошӣ ва озод зиндагонӣ кунӣ ғуломи қонун бояд бошӣ.
Дуруст ҳаст, ки барои тартиботи шаҳр ва ба низом даровардани сокинони пойтахт фармони Раиси шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти таксиронӣ содир шудааст. Ҳар ҳар нафаре, ки аз чунин дастур ё фармон берун фаъолият мебарад, ҷарима карда мешавад. Бояд қайд кард, ки чун як камбудӣ содир мешавад онро ба як ё ду нафар шахсиятҳои боломақом рабт додан мумкин нест. Бояд аз худ пурсид, ки барои бартараф кардани чунин камбуд чӣ кореро анҷом додан зарур аст. Ба назар мерасад, ки гап сари ҷаримаи фаъолияти таксист намеравад. Чун ӯ аз чандин нафарҳои алоҳида ранҷидааст ва аз кор бо сабабҳо гирифта шуда, ба таксиронӣ машғул мешад, ҳодисаи ҷарима саба гардида, ки ин масъалаҳоро низ дар канори дигар дардҳояш гузошта расонаӣ кунад.
Албатта, ҳар нафар мехоҳад ҳарфашро баён кунад. Лекин ҳар сухан ҷою мақом дорад. Кору фаъолиятҳои шахсиро набояд ба мардум таҳмил кард. Зеро ҳар кор роҳи ҳалли худро дорад. Агар имрӯз ҳал нагардид, умед ҳаст, ки фардо роҳи ҳалли худро падо хоҳад кард.
Кайхусрав Каримов–устоди донишгоҳ