Изҳорот: Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад...

Хоин ва муттаҳам будани Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва Мирзои Салимпуро медонистам вале намеданистам, ки онҳо барзамми ин яке оқи падар, дувумӣ оқи модар ва саввумӣ бошад оқӣ додар шудаанд. Ин се нафар имрӯз аз хориҷа истода бо ҳар гуна роҳҳои фитнаангез ва дурӯғу найрангҳо мехоҳанд боз дар Тоҷикистони орому тинҷ, нооромию ҷангу кушторро пиёда созанд. Аслан ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки чӣ гуна ин се нафар аз тоифаҳои оқгардида шуда бошанд, зеро онҳо агарчи пештару имрӯзҳо оиди дифои ҳуқуқҳои динии мардуми кишвар ва ё пиёда кардани фармудаҳои дини мубини ислом дар байни ҷомеа суханронӣ мекарданд, ё суханронӣ карда истода бошанд ҳам, аммо онҳо худ аз таълимоти дин ва ҳақиқати шариати ислом фарсахҳо дур ҳастанд. Бинобар ин, чӣ гуна гуноҳи кабира будани «оқ шудан»-ро шояд хуб дарк накардаанд. Онҳо суханбозу ваъдахилоф доиммо миллати моро сарзаниш мекунанд. Магар худ фикр намекунанд, ки барои беҳбудии мардуми тоҷик чӣ кореро ба анҷом расонидаанд. Магар роҳҳоро обод кардаанд, магар заводу фабрикаҳо таъсис додаанд ва ёмактабу боғчаҳо кушодаанд? Ҳаргиз не. Пас чаро ин қадар тӯтивор ваққос мезананд.

Ҳаррӯз зи худ бипурс агар ту марди

Ки имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Шарм доред бе ору бе номусон. Як сӯм ҳам барои беҳбудии Ватанатон сарф ҳам накардаед. Сарф кардан он сӯ истад, хатто хизмат ҳам накардаед. Пас бо кадом рӯ ин қадар ҳам аз минбарҳо истода ҳарф мезанед хоинони миллат. Шумо барои беҳбудии кишваратон ягон кор накардед. Шумоён ақалан лоиқи дуои падару модари хеш нагаштетон. Агар фикр кунем Шумо алакай Худозада ҳастетон. Зеро бадарға аз кишвареду байни миллати худ беобрӯ ҳастад. Ин худаш аллакай ҷазои сахт аст.

Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад.

Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Домони дурӯғ кӯтоҳ аст» ё худ «Офтобро бо домони олуда пӯшида намешавад». Мардуми Тоҷикистон медонанду огоҳанд, ки он муттаҳамон ки ҳастанд. Бархе аз ҳамватанони мо, пайравӣ ба Кабирии хоину пайравонашон аъзои ба ном “Паймони миллӣ” (наҳзатиёну гурӯҳи 24) намудаву аз ҳақиқати ҳол фарсахҳо дуранд, рӯзе пушаймон хоҳанд шуд. умед бар он дорам, ки гуфтаҳои мо ба гӯши онҳо мерасаду онҳо аз ин роҳашон бармегарданд. ман ба ҳамаи ҷавонони кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд. Зеро Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва Мирзои Салимпур душманони миллат ҳастанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ