​Конференсия: “Раҳнаварди маърифат” бозгӯкунандаи ҳаёт ва фаъолияти Абдумаҷид Қодиров

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-амалӣ ба муносибати 90-солагии ходими илму маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдумаҷид Қодиров доир гардид.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода оғоз бахшида, риштаи суханро ба Кибриё Ҷӯраева, мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вогузошт, ки номбурда, аз хизматҳои профессор Абдумаҷид Қодиров ёдовар шуда, баргузории конференсияи илмӣ-амалии мазкурро ҷиҳати омӯзиши ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти шодравон фоли нек хонд.

Дар идома, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр дошт, кияке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти хотираи неки ниёгон ва олимону донишмандон мебошад. Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин нуктаро дар фаъолият меҳвари асосӣ қарор дода, ҳамеша дар баробари нашри осори устодони заҳматқарин, чопи ёдномаҳоро низ ба роҳ мондааст, ки ин омил барои пос доштани хотираи неки гузаштагон, аз ҷумла нигоҳ доштани таърихи донишгоҳ кӯмак менамояд. Дар ин росто, тасмим гирифта шуд, ки конференсияи илмӣ-амалии мазкур бахшида ба 90-солагии ходими илму маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдумаҷид Қодиров ташкил шуда, ёдномаи ҳамкорону шогирдон ва пайвандони устоди зиндаёд зери унвони “Раҳнаварди маърифат” ба нашр расонида шавад.

Ректори донишгоҳ доир ба ҳаёту фаъолият ва мероси илмии профессор Абдумаҷид Қодиров андеша ронда, гуфт садоқат ба касби омӯзгорӣ яке аз фазилатҳои арзандаи профессор Абдумаҷид Қодиров буд, ки дар ин мактаби инсонпарварӣ чандин шогирдони босаодат тарбия ёфта, ба воя расидаанд. Профессор Абдумаҷид Қо­ди­ров тамоми фаъолият ва умри пурбаракати хешро дар офаридани асару мақолаҳои илмӣ, китобу васоити дарсӣ, тарбияи олимони ҷавон сарф на­му­даанд. Фаъолияти илмии Абдумаҷид Қодиров доманадору сермаҳсул буда, мавсуф муаллифи беш аз 40 асарҳои илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ мебошанд.

Баъдан, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ Рустам Юлдошев дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи профессор Абдумаҷид Қодиров” ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Зебо Ҳасанова дар масъалаи “Мақоми Абдумаҷид Қодиров дар рушди илми фалсафа” маърӯза намуданд. Ҳамчунин, муовини раиси Шӯрои ветеранҳои вилояти Суғд Шавкат Алиев, шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва дӯстону пайвандони марҳум дар хусуси хислатҳои ҳамидаи профессор Абдумаҷид Қодиров сухан намуда, ёдномаҳояшонро иброз доштанд.

Дар ҷамъбасти конференсия, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода изҳори умед намуд, ки зиндагиномаи устод Абдумаҷид Қодиров ибрат ва раҳнамои алоқамандон ва шогирдону ҳамкасбонашон гардида, ба василаи нашри китоби “Раҳнаварди маърифат” паҳлуҳои ҳаёти ибратбахши профессор Абдумаҷид Қодиров аз нав саҳифагардон мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ