Шукри обу шукри нонат мекунам

Истиқлолият неъмати бебаҳост, ки бо ҷонбозиҳо ва меҳнати шабу рӯз дар натиҷаи муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмӣ насиби мо тоҷикон гаштааст. Маҳз Истиқлолият шароит фароҳам овард, ки дар муддати кӯтоҳ кишвари азизу маҳбубамон рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар яке аз Паёмҳояшон Президенти кишвар иброз намдуа буданд, ки Тоҷикистон аз кишварҳои мутараққӣ 60 сол ақиб мондааст. Вале бо меҳнати шобонрӯзӣ ва саъю кӯшишҳои зиёд мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин фосиларо убур намуд. Маҳз раҳнамоӣ ва корнамоии ин марди абарқудрат буд, ки мо имрӯз дар фазои чунин мамлакати ободу осоишта умр ба сар мебарем. Мактаби сиёсии ин абармарди шариф намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин аст. Мо пайравони Исмоилӣ Сомонӣ ҳастем. Дар сарзамини осоиштаву нурбахши тоҷикон чашм ба олами ҳасти кушодаему ба воя расидаем. Шукри хоку нону оби Ватанро мекуем ва баҳри шукуфоии он аз таҳти дил камари ҳиммат мебандем. Мо, ки ояндагони ин кишвар ҳастем ва давомдиҳандагони сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами худ ҳастем. Шод аз онем, ки бароямон як мактаби сиёсӣ, мактабе, ки дар он тамоми сиёсатмадорони кишвар ҷалб шудаанд илм меомӯзем. Зеро сиёсати ин марди хирад намунаи бузурги давлатдорист. Ва мо онро бояд биомӯзем, дарк бикунем ва дар амал татбиқ диҳем. Зеро дар ин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба ин дастовардҳои бузург кори осон нест. Имрӯз Тоҷикистонро дар тамоми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Имрӯз мардуми тоҷик ноошно нест. Мардуми тоҷикро бо фарҳанги баланду Ватандорӣ ва сиёсати хирадмандонааш ҳама мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Ман ба ҷавонон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат ҳатто шамшер ба гарданашон ояд, ҳам зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ба ҳаргуна савсатагӯиҳои беасос бовар накунанд. Ҷонфидои кишвари азизу маҳбубамон бо ном Тоҷикистон бошанд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ