Шабеҳияти ифротиён ба Иблис?!
Нафари бадкинаву муғриз, ҳасудкору бахил ва бадандеше, ки нияти нопокаш ғасби ҳокимияти қонуни давлатӣ бо ҳар роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ мебошад, фардест ифротӣ ва майнааш олудаи сифатҳои иблис. Зеро, худи чунин тавсифи тинати ӯ аз ифротӣ будану ҳампешаи шайтон гаштани ин нафар дарак медиҳад. Чунин нобакориву муғризиро дар иғвоангезию дасисабозиҳои аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо сардории мазҳабфурӯшаш Муҳиддин Кабирӣ метавон мушоҳида намуд.
Воқеаҳои рӯзҳои охири марбут ба муносибатҳои байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ва вокуниши нобакорони наҳзатӣ ба он далели исботи гуфтаҳои болост. Ҷонибдории нафарони камшумори қирғиз дар ҳамоишҳои назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар мамлакатҳои Аврупо амали нанговари беномусист, ки наҳзатиён карданд. Бар замми он, Муҳиддин Кабириву думрави бешарафи ҳамҷинсгарояш Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананду баҳодиҳӣ менамоянд, гунаҳкори асосии ин воқеаҳоро аз Тоҷикистон мекобанд. Ваҷоҳати бадафтонаи онҳо аз олами бадкинаи онҳо шаҳодат медиҳад ва суханҳояшон монанди ҳангоси маркабаест, ки танҳо хоҳиши худро якравона ҳақ медонаду ба нафари дигар коре надорад.
Талошҳои байнимарзӣ дар миқёси аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуданду сабабу оқибатҳои сатҳи гуногунро доро буда дар ҳар дафъа бо роҳҳои гуногун ҳаллу фасл мегарданд. Ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон бо сухани чанде аз иғвоангезон даъвои марзи на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистону Қазоқистон, ҳатто Россияю Чинро доранд, ки ғояҳои ифротӣ будан аз ин даъвоҳо маълум мегардад. Вале, палидони разил аз афташ аз як манбаъ маблағгузорӣ мешаваду манбаи ғояю андешаҳояшон низ якест. Вагарна, Кабирии маккор ва ҳаммаслакони чоплуси ӯ, ки дар воқеаҳои Ворух хеле фаъолона эродгӯӣ мекунанд, бо кадом сабаб нисбати воқеаҳои Қаробоғи кӯҳӣ андешае баён накард. Агарчӣ худро сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониву “доно” мешуморад? Балки, аз хоҷагонаш интизори фармоиш буд? Ё худ тангназару ботилфикр асту чун тӯтии бенаво такрори мавзӯъ карда истодааст? Шояд, чун маккор танҳо мехоҳад ба низоъи мавҷуда ҳамчун оташгар алангаи наве барпо намояд? Раҳгумзадаву роҳи рост дарнаёфтааст? Чунин аст, оқибати хиёнату ватанфурӯшӣ, ки меваи дигар наоварад!
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”