​Изҳорот: Кабирӣ ва хиёнатҳои ӯ

Дар муроҷиатномаи пешниҳодшуда ба унвони хоинони миллат чанд нуктаи муҳим зикр мегардад. Якум пешниҳод шудааст, ки ин нафарон “солҳост дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ матолиби иғвогарона интишор мекунед, марзи номуси миллӣ ва тоҷикиро убур карда, ҳар чӣ аз ғаразу кина, хашму кина ва нафрату бадбинӣ дар дил доред, бебаркаш бурун мерезед. Агар дигар миллату халқиятҳои минтақа ва ҷаҳон имрӯз дар фикри муттаҳид шудан ва рафъ намудани мушкилоту масъалаҳои ҷиддӣ бошанд, шумо тоифаи беномус матолиби пурғараз ва пуриддао, ки бар зарари давлату миллатанд, тавлид ва пахшу нашр мекунед. Албатта, матолиби пуриддао ва пурғарази шумо беҷавоб намондаю намемонанд ва нафароне баномус ёфт мешаванд, ки барои ҳар як таҳқиру тавҳини шумо наҳзатиёни фирорӣ ва наҳзатмаобони бурунмарзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи расонаӣ посухи сазовор бидиҳанд”.

Воқеан донишмандони мо филми мустанади “Хиёнат”-ро, бемуҳобо ба унвони “Нидои миллат”, санади таърихӣ ва олӣ муаррифӣ карда, бори дигар ба ин кутоҳандешон муроҷиат намудаанд, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба аҳдофи нопоки худ нахоҳед расид ва камари ин миллати баномусро нахоҳед шикаст, чаро ки тоҷики номусмадор дар шароити бархӯрдҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ ва раванди миллатсозию давлатдории миллӣ канори давлат қарор мегирад ва фиребу гули як мушт беҳувиятро нахоҳад хӯрд.

Дар робита ба ин бо ҷонибдорӣ аз муроҷиатнома ҳар яки мо кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ин нотавонбинон муроҷиат намуда, изҳор медорем, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нахоҳед расид, зеро барои шумо Ватан, модар ва дину мазҳаб арзиш надоранд ва шумо ватанфурӯшу душмани миллат ҳастед.

Саидзода Мушарраф Саид–муовини декан оид

ба тарбияи факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ