Мубориза бо душманони миллат ҳадафи аҳли ҷомеаи солимфикр

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳиллаю найранги навбатии Кабирии хоин буда, мақсадаш сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш ва роҳ ёфтан ба баъзе аз ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротии худ мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ифротӣ бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғину туҳматангез мезананд ва бо ин роҳ, мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «дилсӯз»,«халқпарвар» нишон диҳад. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и ӯ ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ба хубӣ медонанд.

Душманони миллат дар мисоли Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд мардумро раҳгум зананд, афкору ақидаи халқро тағйир диҳанд, аммо, сокинони ин сарзамин мардуми худогоҳу хештаншиносанд ва ҳар бадиву некиро ба осонӣ метавонанд қазоват кунанд. Дар ҳар сурат, Муҳиддин Кабирии хоину пайравони каҷраваш бояд донанд ва дарк кунанд, ки ин миллат мисли шумо беиродаву ватанфурўш нест ва ба ҳар иғвову дасисаҳои мисли шумо бовар намекунад!

Боиси тазаккур аст, ки Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои беҳбудии аҳолӣ заррае хизмат накардааст. Баракс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, хурду бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ хоҳиш надорад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш.

Боизи тазаккур аст, ки доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ТТЭ ҲНИ мавқеи хоинона ва душманонаро ишғол намудааст. Тарғиботчиёни ТЭТ ҲНИ барои амалӣ сохтани манфиатҳои ғаразноки худашон ва пуштибонашон баҳсҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистони ҳамсояро ба миён гузошта, ҷанг меандозанду тамошо мекунанд. Аз сабаби он, ки М. Садриддин шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, аз ин рў дар баҳсҳои сарҳадӣ мавқеи Қиғизистонро ҷонибдорӣ менамояд. Пас, шумо назҳатиҳо чӣ тавр даъвои ватандорӣ мекунед? Адлу ситами давлат доир ба масъалаи сарҳади давлатӣ ба он шабоҳат дорад, ки назҳатиҳо бе чуну чаро дар набардҳо дарвозаҳои кишварро ба сўи душманон боз менамояду ватанфурўшӣ мекунад.

Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ дасисаи бадандешон фирифта нахоҳад шуд. М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро хоки ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда мехоҳанд, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта гӯё “ҳақиқат”-и ҳаётро ба онҳо фаҳмонданӣ ҳастанд. Вале ҷаҳониён низ кӣ будани онҳоро фаҳмиданд.

Аз ин рӯ ҳар як ҷавони миллати куҳанбунёди тоҷикро ба он даъват менамоем, ки арзишҳои волои истиқлолияти давлатиро қадр намуда фирефтаи чунин инсонҳои хиёнаткор нагарданд.

Малика Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ