​Таҳдидҳои ТЭТ ҲНИ ба амнияти миллӣ

Имрӯз мутаасифона тамоми ҷидду ҷаҳди садорати ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъшуда барои сиёҳ кардани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо истифода аз далелҳои бардурӯғ мехоҳанд таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин масъала ҷалб намоянд ва ба ин васила ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Яке аз чунин ташкилот, ки фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 30 сентябри соли 2015 бо Карори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шуда, он ба ҳайси гуруҳи террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст, ТЭТ ҲНИ мебошад. Тамоми амалҳои ин гурӯҳи фаъолияташ дар кишвари мо мамнӯъшуда барои бадном кардани ҳокимияти олии Тоҷикистон равона карда шудааст. Онҳо дар кишварҳои ғарб умр ба сар мебаранд ва аз ҳамон ҷо тавассути интернет бархе аз ҷавонони моро гумроҳ карда мехоҳанд ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Фаъолияти ин гуна гуруҳҳои терроритсӣ ва экстремистиро метавон ҳамчун таҳдид ба амнияти милливу давлатӣ эътироф кард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳем, нагузорем, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд, имиҷи кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ коста нагардонанд.

Шубҳае нест, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ ба ҷаҳониён собит сохт, ки вай доимо ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони хориҷӣ аз рӯи принсипи эҳтироми манфиатҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, барои рушди устувори кишвар равона гардиданд. Сиёстаи муваффақи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд рафтани обрӯ ва мақоми он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намуд. Бо шарофати сиёсати хориҷии “дарҳои кушод” мо тавонистем, ки бо мамлакатҳои дуру наздик муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи судманд ба роҳ монем, ки мувофиқи мақсад аст. Солҳои охир нишондиҳандаи афзоиши ҳамасолаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон яке аз баландтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ боқӣ монда, дар расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар нақши назаррас дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи кишвар бо назари нек нигоҳ намуда, итминони комил доранд, ки солҳои наздик шарту шароити зиндагонӣ боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ