Кабирӣ ва ҳаммаслакони нокоми ӯ
Солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигаронбо истифода аз маблағҳои ҳангуфти бедардимиён бо далелҳои нодурурст мардуми осоиштаро ба таҳлука меандозанд. Ин тоифа одамон пайваста аз мушкилоти муҳоҷирон бо дакту далели нодуруст ҳарф мезананд.
Агар ба тамоми ҷаҳонназар кунем, баръало маълум мешавад, ки ягон давлате нест, ки шаҳрвандаш дар давлати бегона муҳоҷир набошанд. Аз ҷумла, аҳолии давлатҳои тараққикардаи муосир чун Россия, Эрон, ИМА, Фаронса ва ғайра дар давлатҳои дигар ба ҳайси муҳоҷир кору фаъолият доранд. Ба таври дигар гӯем, дар куҷо кору фаъолият намудан ин ҳуқуқи шахсии инсон аст ва Кабирию ҳаммаслакона ҳуқуқи ба ин масъала айбдор намудани дигаронро надорад.
Кабирӣ дар дасти дигарон асту ӯро водор намуданд, ки доимо зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромад кунад, суханҳои беасос мегӯяд.
Таблиғу ташвиқ ва суханрониву баромадҳои хоинон дар кӯчаҳои Аврупо беасосу дурӯғ буда, аз иғвогарию дасисабозӣ холӣ нест. Мо аз силсилаи физми мустанади “Хиёнат” пай бурдем, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш душмани халқи Тоҷикистон буда, мақсадашон иҷрои супоришҳои хоҷагони хориҷиашон аст.
Бо вуҷуди ин мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриву зиракии ҳам сиёсӣ ва иҷтимоиамонро аз даст надода, бар зидди ақидаҳои ин душманони халқ мубориза мебарем.
Шаҳрзоди Баҳор