Мо ба ту нафрат дорем Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин хонинони миллат дар хориҷа зиндагии муҳоҷирона доранду бар миллати мо, ба зиндагии осоиштаи мо ҳасуд мебаранд. Онҳо аз алам санги маломат бар сари мо мезананд, ба номи миллати тоҷик суханҳои дрӯғу фитнаангезро паҳн месозад. Вақте, ки мо ба таърихи таъсисёбии Ташкилоти Экстремистиву Террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ назар андозем, мефаҳем, ки дар тули ин солҳо ташкилкунандагонаш ба фоидаи давлату миллат ва халқи тоҷик кореро анҷом надодаанд. Танҳо ба фоида ва манфиати худ кор кардаанд. Доиммо дар баромадҳояш даҳонкалони карда суханҳои пучу бемаънӣ мезанад, ки онҳо на асос доранду на маънӣ. Аз суханони онҳо бӯи дурӯғу фитна ва судқу ҳасуд меояд.
Имрӯзҳо симои аслии Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Кабирӣ ва ҲНИ сарчашмаи маблағгузории Кабирӣ ва ҳизби ӯ ошкор шуд.
Ин хоинону душманони миллат таи чандин солҳост, ки мардуми моро осудаҳолона зиндаги кардан намегузоранд ва бо ҳар роҳ ҳамла ба кишвари мо мекунанд. Хаста шудем аз ин туҳмату маломатҳо. Дар ёд дорам, ки Кабирӣ бо аъзоёни ТЭТ ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғушта карда буданд. Мо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби мешиносем ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд ва намегузорем, ки хуни ноҳақ резаду кишварамон олудаи хун гардад. Ҳаргиз не!
Биоишаи Назар