Офтобро бо доман пӯшида намешавад...
Мардуми бонангу номуси халқи тоҷик, ки солҳои навадуми асри гузашта, аз дасти нохалафону хоинони дохилӣ шиканҷаву ранҷҳои бисёре дидаву давраҳои пасоҷангиро бо азобҳои зиёде паси сар намудаанд, худ шоҳиди зиндаанд, ки саркардагону аъзоёни наҳзатӣ чи нобасомониву ваҳшониятро нисбати мардуми осоишта раво дидаанду ба гумроҳӣ расонидаанд. Бархе аз ин нохалафон то ба ҳол ором нагирифтаанду дар хориҷи кишвар зиндагӣ намуда, мардумро ба гумроҳиву иғвоангезӣ равона сохта истодаанд. Ба ин минвол Кабириву Муҳаммадиқболро номбар намудан басанда аст, ки аз хоинӣ то ба бешарафӣ сифот шудаанду ниҳоду амалашон танҳо иғвоангезӣ ва бӯҳтонсозӣ асту беше нест! Аз ободӣ, аз озодӣ, аз покии дини мубини Ислому бо Каломи шариф сухан оғоз намуданашро чи мегӯем, ки мафкураи онҳо танҳо ғояи бегонапарастиву ҷангҷӯӣ асту баъди тамошо ва ё мутолиаи маводи манзур намудани ин нохалафон ягона ҳадафро эҳсос мекуниву бас, ин ҳам бошад ИФРОТГАРОӢ!
Баъди оне, ки аз ҷониби шаҳрвандони аз дасти ин нохалаф – Муҳаммадиқбол- ҷабрдида, бо аризаи шикоятӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат шудаву парванда оғоз карда шуд, ниҳоди нопоки ӯ, тамоми сирру асрори ӯ аз овони кӯдакӣ то ба имрӯз рӯи кор омадаанду кулли ин марҳилаҳо дар қисмати ҳафтуми силсилафилми Хиёнат инъикоси худро дарёфтааст. Пас аз тамошои филми мазкур, ба пуррагӣ эътимод намудем, ки дар оилаи наҳзатие ба воя расида будаасту аз овони хурдсолӣ бозичаи дасти мардуми худхоҳу ҳуруфотпараст гардидаву ободиву озодӣ ва шодиву нишот барояш бегона! Худ мушоҳидаҳои равоншиносон собит намудааст, нафаре, ки аз кӯдакӣ шиканҷаву озор мебинад аз ҷиҳати равонӣ ҳаргиз солим ба воя намерасад. Зеро кӯдаке, ки дар муҳити носолим ба воя расидаасту нисбаташ муносибати шаҳвониро (“бачабозии ҳамҷинсӣ”) раво дидаанд, дар ниҳоди чунин кӯдак хусусиятҳои нодуруст муносибатнамоии ҷинсӣ шакл мегирад. Бо мурури замон кӯдак майл нисбат ба ҷинси муқобилро гум карда, аллакай талаботи нафси шаҳвонӣ ба ҳамҷинси худро пайдо менамояд. Ин аст, ки чунин шахсиятҳо барои талаботи шаҳвонии хешро қонеъ намудан, ба ҳар гуна фасодкорӣ, ғаразҳо, пастиҳо рафта, ҳатто сарҳади охирони шахсият обрӯю эътибор ва шарафи мардиро низ ба назар намегиранд. Ҳатто ошкору аён аз қонеънамоии талаботҳои пасти нафси шаҳвониаш дар байни ҷомеа муносибати фасодкориро раво мебинад. Ин ҳама нопокӣ ӯро бар доми фиребу дасисаву ифрот тела додааст, магар ки дигаронро низ бо ин роҳ бурданист. Бо ибораи дигар “чаро ӯ аз ин табақа будаасту дигарон не?”. Ҳақиқати илмӣ кайҳо собит кардааст, ки амалкарда ҳар як шахсият аз хислату хӯи ӯ берун меояд, аз тарбияе, ки дар хонавода гирифтаасту зери ливои анъанаҳои оилавӣ бар камол расидааст. Пас ин нафар рӯйкарди падараш асту баҳри давом додани ҳамон ҳуруфотпарастиву бегонатарошӣ ҳатто ақлу вуҷудашро ба қолаб бифрӯхтааст....
Аз ҷараёни филми мазкур кас ба хубӣ огоҳ мегардад, ки ин нафарони “лаббайкгӯяк”-и хоҷагони хориҷии худ гардида, молу мулке дарёфтаанд, ки кас ба дудилагӣ меафтад, ки одамӣ бо ҳамон қадар ҷидду ҷаҳд ин қадар дороиро соҳиб нахоҳад гашт, магар ки бо дуздиву қаллобиву ҷиноятсодиркунӣ бошад?
Хонандаву бинанди оқил бо чашми ақли худ бар мекашад, ки нафаре, ки аз худро “созандаву ободкор” ва “ростгӯву ҳақгӯ” мегираду дар сомонаҳои ифротии худ маводҳои тӯҳмату иғвоангезро ҷой медиҳад, магар ақлан солим аст? Ҳаргиз! Ин ҳолат аз носолимии равонии ӯ шаҳодат медиҳад, зеро нафаре аз ҷинси зан ва ё ба ҷои зане истифодашудааст ҳатман ноқисии равониро хоҳад дид... Филми Хиёнат бозгӯи ҳамаи ин вазъият асту дубора тасдиқ намуд! Ин ҷо мақоли “Офтобро бо доман пӯшида намешавад” ба хотир меояд, ки ҳама рафтори ифротиву разилонаи Муҳаммадииқболро ошкор намудааст.
Дар замону марҳилаи хеле ҳассос, таърихиву сарнавиштсоз мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро мебояд такя ба арзишҳои гаронбаҳои милливу имтиҳонҳои вазнини таърихӣ зиракиисиёсии худро аз даст надода, исбот намоянд, ки меросбарони фарҳанги хеле қадимию асиланд.
Шарифзода М.