Фитнаи навбатии хоинони миллат
Мусаллам аст, ки филми ҳуҷҷатии фавқуззикр барои хулосаи дуруст баровардани нафароне, ки дар расонаҳои интернетӣ ба суханҳои дуруғини Муҳаммадиқболи Садриддин пайравӣ намуда, зиндагии худро зери хатар мегузоранд, мадад мерасонад. Саргузашти Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ба наворгирифта шуда, ҳаёти мардумони гумроҳшуда дар он аксандозӣ шудааст, ба тамоми тамошобинон бояд дарси ибрат гардад. Агар саҳафоти таърихро варақгардон бикунем, дар солҳои 90-уми садаи ХХ гуруҳҳои ифродгаро дар заминаи маҳалгароии шадид ва ҷоҳпарастии ҷоҳилона, гирдиҳамоиҳо созмон дода, бедодгариҳои зиёдеро дар Душанбешаҳр ва гирду атрофи он ба амал оварданд, вазъияти Тоҷикистонро муташанниҷ карданд, ки дар натиҷа қисми зиёди аҳолӣ пароканда шуда бархе дар Афғонистон, дигаре дар Русия ва нафарони зиёди дигар дар Амрико паноҳ бурданд. Иқтисодиёт ва илму фарҳанги халқи тоҷик талафоти калон дид, маърифату маънавият рў ба таназзул овард. Миллати тоҷик дар вартаи ҳалокат қарор дошт.
Кишвари мо дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин ба шарофати Истиқлолияти миллӣ аст. Пас барои чӣ Муҳаммадиқболи Садриддин ва нафароне, ки бо ў ҳамфикр ҳастанд, ба Тоҷикистони азиз ва орому осудаи мо санги маломат меғуронанд? Оё солҳои 90-уми садаи ХХ барои мо дарси ибрат нест? Бо муносибати ноҷавонмардонаи бархе аз афрод, ки мехоҳанд дар байни мардум хосатан ҷавонон, тухми кинаву адоват ва ҷангу низоъро коранд, нафрати кас меояд. Дар ин филми “Хиёнат” ба вижа фикру ақоиди коршиносон – табибон, равоншиносон ва олимон дуруст аст, ки хислату рафтори ноҷавонмардонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ба зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст. Равоншинос Марям Давлатова дуруст қайд мекунад, ки шахсоне ба ҳолате мисли аҳволи Муҳаммадиқбол гирифтор гаштаанд, то дер намераванд зеро ҷои меҳри инсониро кинаву адоват гирифтааст ва ин ба саломатии инсон зарар мерасонад. Бояд таъкид кард, ки чунин инсонҳо дар зиндагӣ хатарноканд ва ҳаракат мекунанд, ки сафи онҳо зиёд шавад ва зараре ба ҳаёти осоиштаи ҷомеа гузошта бошанд. Лекин барои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ Муҳаммадиқболи Садриддин барин ҷавононро маҳв бояд кард, зеро онҳо ба монанди зарпечаканд, ки теша ба реша, яъне ба асли хеш зада, бегонапарастӣ мекунанд. Муҳаммадиқболи Садриддин бо суханрониҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақсад дорад, ки дигаронро ҳам мисли худаш мусибатзада гардонад ва сафи худаш барин ҷавонони гумроҳшударо зиёд карда, бар зиди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон барояд. Вале ҷавонони солимфикри тоҷик ба роҳи пурхатари Муҳаммадиқболи Садриддин набояд раванд.
Шоҳраҷаби Раҳмон